“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе

Date:

Дар пайи сӯхторе, ки шаби гузашта, 8-уми апрел дар маркази Душанбе рух дод, талафоти ҷонӣ сабт нашудааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода (КҲФ) хабар дода, навиштааст, ки ин ҳодиса дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Хусейнзода, бинои 18 ба вуқӯъ омадааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, сӯхтор тахминан соати 19:30 дар ошёнаи 8-уми бинои кӯчаи Ҳусейнзода (атрофи Хонаи матбуот ё “Дом печат”) сар зада, ба ошёнаи 9-ум ҳам гузаштааст.

“Наҷотдиҳандагон 6 сокини ошёнаҳои оташгирифтаро, ки миёни онҳо як кӯдаки 3-моҳа ва 4 зан будааст, наҷот додаанд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”, -омадааст дар хабарномаи КҲФ.

Мақомот мегӯянд, оташ хомӯш карда шуд, вале нагуфтанд, ки чанд вақт баъд аз оғози оташгирӣ.

Ҳол сабаби сар задани сӯхтор ва хисороти он муайян карда мешавад.

КҲФ бори дигар аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хостааст, ки қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро риоя кунанд.

Соли 2024 дар саросари кишвар, ба иттилои ВКД, 1 ҳазору 175 (2023 – 1 ҳазору 269)  ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа  17 (2022 – 23) шаҳрванд фавтидаанд, ки аз инҳо 11 (2023 – 11) нафарашон ноболиғ мебошанд.

Хисороти сӯхтор дар соли 2024 дар тамоми ҷумҳурӣ 43 миллиону 822 ҳазор ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...