Аз бинои нави ҲХДТ то корхонаи заргарӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе кадом иншоотро боз кард?

Имрӯз, 10-уми апрел, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бинои нави ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), як бинои нав барои беморхонаи Ёрии таъҷилӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва як корхонаи заргариро ифтитоҳ кард. Дар ин бора хадамоти матуботии раиси ҷумҳури кишвар иттилоъ медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави ҲХДТ ифтитоҳ кард. Бинои нави ҳизб […]

Таҳияи Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имрӯз, 10-уми апрел, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бинои нави ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), як бинои нав барои беморхонаи Ёрии таъҷилӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва як корхонаи заргариро ифтитоҳ кард.

Дар ин бора хадамоти матуботии раиси ҷумҳури кишвар иттилоъ медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави ҲХДТ ифтитоҳ кард. Бинои нави ҳизб дар хиёбони ба номи Садриддин Айнии пойтахт, паҳлӯи бинои “Созидание” бунёд шудааст.

Бинои нав дорои ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз, осорхона, толорҳои маҷлис, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон аст. Ҳамчунин, дар ин бино Осорхонаи ҲХДТ таъсис дода шудааст.

Дар идома, раиси ҷумҳур корхонаи дӯзандагии ҶДММ “Гардӣ”-ро, ки гуфта мешавад, бо маблағи 45 миллион сомонӣ,  ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Абдураҳмон Мухтошов сохта шудааст, ифтитоҳ кард.  

Манбаъ гуфтааст, ки ин коргоҳ имкони истеҳсоли то 13 ҳазор сару либос дар як шабонарӯз ва дар як сол аз 1,5 то 2 миллион либосро дорад.

Гуфта мешавад, ки дар ин коргоҳ 210 дӯзанда бо кор таъмин шудаанд ва дар хати истеҳсолӣ 230 дастгоҳи махсуси дӯзандагӣ васл гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои шуъбаи маорифи ноҳия ва пойгоҳи №1-и “Ёрии таъҷилии тиббӣ”-ро боз кард. Ҳарду муассиса дар як бино ҷойгир буд, дар ошёнаи 1 ва 2 муассаи тиббӣ ва дар ошёнаҳои 3 то 5 муассисаи маориф ҷойгир аст. Барои ҳарду идораи давлатӣ 42 ҳуҷраи корӣ дорад.

Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон корхонаи заргарии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин”-ро ифтитоҳ кард.

Ба навиштаи манбаъ, ин корхона дар масоҳати 0,30 га бунёд гардида, маркази фурӯши тилло ва сехҳои заргарӣ дорад. Корхона бо маблағи 23 миллиону 800 ҳазор сомонӣ  бунёд гардида, дар он 60 сокини пойтахт бо маоши аз 3 ҳазор сомонӣ боло бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, корхона иқтидори коркарди то 1 тонна тиллоро дар як солро дорад.

Дар ин корхона маҳсулоти нуқрагӣ низ истеҳсол мегардад ва имкони коркарди 30 тонна маҳсулоти хом дар як солро дорад. Сохтмони ин корхона соли 2023-юм оғоз шуда буд.

Баъди ифтитоҳи ин корхона, Эмомалӣ Раҳмон барои сохмони  ду корхонаи нави заргарӣ – Корхонаи заргарии ширкати ҶДММ “Твеа Душанбе саноати кӯҳӣ” ва Корхонаи заргарии ширкати “Пакрут санги асос гузоштааст.

Манбаъ мегӯяд, ки ҳарду корхона бо маблағи 45 миллион сомонӣ дар муддати як сол сохта шуда, дар онҳо беш аз 100 сокини пойтахт бо кор таъмин мегарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио