Киҳо муовини Рустами Эмомалӣ интихоб шуданд?

Date:

Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, ки дирӯз, 11-уми апрел баргузор шуд, баъди интихоби Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба маснади раиси ин маҷлис, муовинони ӯ ҳам интихоб шудаанд.

Тибқи иттилои сомонаи Маҷлиси миллӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд муовини якум ва Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ муовини дигари ӯ интихоб гардидаанд. 

Ҳамчунин, раисони 5 кумита ва комиссияи назорати дастурӣ ҳам интихоб шудаанд:

Маҳмадалӣ Ватанзода — раиси кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният;

Парвиз Акрамзода — раиси кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология;

Мунира Каримзода — раиси кумитаи оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон;

Қобилҷон Хушвахтзода — раиси кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ;

Давлаталӣ Саид — раиси кумита оид ба иқтисодиёту коммуникатсия;

Зарина Идизода — раиси комиссия оид назорати дастур;

Инчунин, Дилшод Сафарбек роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллӣ таъин шудааст.

Бояд гуфт, Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон 33 курсӣ дорад, ки 25 узви он аз сӯйи вакилони маҷлисҳои маҳаллии ВМКБ, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон интихоб мешаванд. Ҳашт узви дигари маҷлисро раисҷумҳури кишвар таъин мекунад.

Маҷлиси миллӣ аз салоҳиятҳои густурда, аз ҷумла, тасдиқи қонунҳо ба ғайр аз қонуни буҷа бархӯрдор аст. Додрасҳои Додгоҳи олӣ, Додгоҳи олии иқтисодӣ ва додситони кулл ҳам танҳо баъди тасдиқи палатаи болоии порлумон ба кор оғоз мекунанд.

Мувоффиқи қонунгузории кишвар раиси Маҷлиси миллӣ шахси дуввум баъди роҳбари давлат ба ҳисоб меравад, ки дар сурати истеъфо ё вафот ваколатҳои ӯ то интихоботи навбатӣ ба уҳдаи раиси палатаи болоии парлумон вогузор мешавад.  

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...