Киҳо муовини Рустами Эмомалӣ интихоб шуданд?

Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, ки дирӯз, 11-уми апрел баргузор шуд, баъди интихоби Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба маснади раиси ин маҷлис, муовинони ӯ ҳам интихоб шудаанд. Тибқи иттилои сомонаи Маҷлиси миллӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд муовини якум ва Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ муовини дигари ӯ интихоб гардидаанд.  Ҳамчунин, […]

Asia-Plus

Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, ки дирӯз, 11-уми апрел баргузор шуд, баъди интихоби Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба маснади раиси ин маҷлис, муовинони ӯ ҳам интихоб шудаанд.

Тибқи иттилои сомонаи Маҷлиси миллӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд муовини якум ва Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ муовини дигари ӯ интихоб гардидаанд. 

Ҳамчунин, раисони 5 кумита ва комиссияи назорати дастурӣ ҳам интихоб шудаанд:

Маҳмадалӣ Ватанзода — раиси кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният;

Парвиз Акрамзода — раиси кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология;

Мунира Каримзода — раиси кумитаи оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон;

Қобилҷон Хушвахтзода — раиси кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ;

Давлаталӣ Саид — раиси кумита оид ба иқтисодиёту коммуникатсия;

Зарина Идизода — раиси комиссия оид назорати дастур;

Инчунин, Дилшод Сафарбек роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллӣ таъин шудааст.

Бояд гуфт, Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон 33 курсӣ дорад, ки 25 узви он аз сӯйи вакилони маҷлисҳои маҳаллии ВМКБ, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон интихоб мешаванд. Ҳашт узви дигари маҷлисро раисҷумҳури кишвар таъин мекунад.

Маҷлиси миллӣ аз салоҳиятҳои густурда, аз ҷумла, тасдиқи қонунҳо ба ғайр аз қонуни буҷа бархӯрдор аст. Додрасҳои Додгоҳи олӣ, Додгоҳи олии иқтисодӣ ва додситони кулл ҳам танҳо баъди тасдиқи палатаи болоии порлумон ба кор оғоз мекунанд.

Мувоффиқи қонунгузории кишвар раиси Маҷлиси миллӣ шахси дуввум баъди роҳбари давлат ба ҳисоб меравад, ки дар сурати истеъфо ё вафот ваколатҳои ӯ то интихоботи навбатӣ ба уҳдаи раиси палатаи болоии парлумон вогузор мешавад.  

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио