Акбарҷон Исмоилов, яке аз тоҷикони муваффақи муқими Қазоқистон соли 2022 узви Шӯрои Ассамблеяи халқи Қазоқистон гардида буд, якҷо бо Аурика Дяк муовинони раиси Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон таъин шуданд. Дар ин хусус, фармони дахлдорро Қосимҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури ин кишвар имзо кард, хабар медиҳад сомонаи Akkorda.
Акбарҷон Исмоилов яке аз тоҷикони муваффақи Қазоқистон буда, соли 2022 роҳбарии Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистонро ба зимма гирифт.
Акбарҷон Исмоилов соли 1988 дар вилояти Улутави Қазоқистон таваллуд шудааст. Таҳсили миёнаро дар шимоли Қазоқистон гирифта, соли 2016 Донишгоҳи Мадинаро хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ ба соҳибкорӣ машғул шуда, се ширкати тиҷоратиро бунёд намудааст. Аз соли 2017 то 2022 роҳбари Маркази тоҷикони шаҳри Остона буд. Аз моҳи сентябри соли 2022 роҳбари Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон аст.
Аз соли 2017 аъзои Ассамблеяи халқи Қазоқистон буд. Аз соли 2022 узви Шӯрои Ассамблеяи халқи Қазоқистон дар назди Президенти Қазоқистон мебошад.
Соли гузашта “Asia-Plus” бо ин тоҷики муваффақи бурунмарзӣ мусоҳибае анҷом дода, дар хусуси ихтихобаш ба Шӯрои Ассамблеяи халқи Қазоқистон, кори Маркази тоҷикон, дастоварду эҳтиёҷоти тоҷикони ин кишвар ва нақшаҳои минбаъда пурсон шуда буд, ки тавассути пайванди зерин метавонед онро мутолиа намоед.