Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Попи Рум Роберт Фрэнсис Превост, Лео XIV барқияи табрикӣ ирсол намуд. “Сарфарозам ба Шумо табрикоту таҳнияти самимии хешро ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Попи Рум, роҳбари тамоми Калисои католикӣ иброз намоям. Итминон дорам, ки Тахти муқаддас таҳти ҳидоятҳои бунёдкоронаи Шумо дар роҳи татбиқи фарогири усулҳои сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ, ризоияти […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Попи Рум Роберт Фрэнсис Превост, Лео XIV барқияи табрикӣ ирсол намуд.

“Сарфарозам ба Шумо табрикоту таҳнияти самимии хешро ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Попи Рум, роҳбари тамоми Калисои католикӣ иброз намоям. Итминон дорам, ки Тахти муқаддас таҳти ҳидоятҳои бунёдкоронаи Шумо дар роҳи татбиқи фарогири усулҳои сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ, ризоияти умум, пешбурди арзишҳои умумибашарӣ ва муколамаи миёни тамаддунҳо   минбаъд ҳам саҳми босазо гузошта, мақому манзалати хоссаи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким хоҳад бахшид.”, – омадааст дар барқия.

Эмомалӣ Раҳмон дар барқия ҳамчунин зикр кардааст, ки “Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди густаришу тавсеаи робитаҳои ҳасана бо Ватикан дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб мебошад”.

Роберт Фрэнсис Превост аввалин амрикоист, ки ба ҳайси Попи Рум, роҳбари тамоми Калисои католикӣ интихоб шуд. Ӯ зодаи ИМА буда, 69 сол дорад, лекин қисмати бештари умри худро дар Перу паси сар кардааст.

Дар нахустин изҳороти худ пас аз интихоб ӯ вазъи кунуиро дар ҷаҳон “Қисм-қисм Ҷанги сеюми ҷаҳон” номида, ба ҳалли даргирӣ дар Украина ва қатъи фаврии оташбас дар Навори Ғазза даъват кард.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Фридрих Мертсро ба муносибати ба мансаби садри аъзам (кантслер)-и Олмон интихоб шуданаш табрик кард.

Бар ин боварам, ки бо саъю талошҳои муштараки созанда мо метавонем ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани мазмуну мундариҷаи шарикии гуногунҷанбаи ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон тадбирҳои бештар амалӣ андешем”, – зикр мешавад дар барқия.

“Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба  густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои фарогир бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон бори дигар таъкид намоям. Дар ин замина мо аз идомаи босамари муколамаи сатҳи олӣ ва баланди ду кишвар дар соҳаҳои  мавриди таваҷҷуҳи тарафайн истиқбол мекунем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио