Дастаи “Истиқлол” маротибаи 13-ум соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бо пирӯзӣ дар муқобили “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода бори 13-ум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дастаи “Истиқлол” қаҳрамони феълии кишвар ва “Регар-ТадАЗ” барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 аст. Набарди дастаҳо шоми дирӯз, 25-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Қисми асосии ин рақобат бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бо пирӯзӣ дар муқобили “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода бори 13-ум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дастаи “Истиқлол” қаҳрамони феълии кишвар ва “Регар-ТадАЗ” барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 аст.

Набарди дастаҳо шоми дирӯз, 25-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардид.

Қисми асосии ин рақобат бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 11-ум Шерзод Маҳмадиев, футболбози “Регар-ТадАЗ” бо истифода аз ҷаримаи 11-метра боз кард. Аммо дар дақиқаи 83-юм Ҷошуа Акпуҷе, ҳимоятгари “Истиқлол” голи ҷавобиро ба самар расонида, натиҷаро 1:1 кард. Дар ду қисми иловагии 15-дақиқаӣ ҳам ғолиб муайян нагашт ва бозӣ ба задани зарбаҳои пеналтӣ расид.

Дар задани зарбаҳои 11-метра бахти футболбозони “Истиқлол” баландӣ кард. Баъди он ки Далер Имомназаров пеналтии панҷуми “Регар-ТадАЗ” хато зад, “Истиқлол”  бо натиҷаи 5:4 ғалаба ба даст овард.

Бояд гуфт, дар вақти иловагии қисми якуми бозӣ (45+3) довари бозӣ ба футболбози “Регар-ТадАЗ” Квадво Фримпонг корти сурх нишон дода, ӯро аз майдон берун кард. Баъди ин футболбозони дастаи шаҳри Турсунзода то анҷоми бозӣ 10-нафара рақобат карданд.

Ҳамин тавр, “Истиқлол” бо роҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко баъди пирӯзӣ бар “Регар-ТадАЗ” Суперҷоми Тоҷикистон ва медалҳои тиллоро соҳиб шуд. Ба дастаи “Регар-ТадАЗ” зери раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев медалҳои нуқра супорида шуд.

Беҳтарин бозигари Суперҷоми Тоҷикистон-2025 Ҷошуа Акпудже, ҳимоятгари дастаи “Истиқлол” дониста шуд.

Ёдрас мешавем, ки футболбозони шаҳри Турсунзода бори чорум аст, ки дар бозӣ барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон ноком мешаванд. Онҳо қаблан ду бор аз “Истиқлол” (солҳои 2011 ва 2012) ва як бор аз “Равшан” (соли 2013) шикаст хӯрда буданд.

Барандаҳои Суперҷоми Тоҷикистон дар солҳои гузаштаро дар тасвирбаёни зер бинед: 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.