Аз 9 то 13 июни соли 2025, Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус (UNOC3) хоҳад буд. Ин вохӯрӣ лаҳзаи ҳалкунанда хоҳад буд: дар шаҳри Нис беш аз сад роҳбарони давлат ва ҳукумат, инчунин даҳҳо ҳазор иштирокчиён – олимон, муҳаққиқон, намояндагони бахши иқтисодӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандон аз гӯшаву канори ҷаҳон – гирд меоянд. Фаронса дар ин чорабинӣ ҳадафи равшанро пеш мебарад: ҳифзи Уқёнус бо тадбирҳои амалӣ.
Уқёнус амволи умумии мост. Он инсонро бо ғизо таъмин менамояд, ба сӯйи орзу ва саёҳат мебарад. Аз он мо энерҷии устувор, роҳҳои савдо, сарватҳо ва донишҳои илмии бепоён мегирем.
Ҳар як сеюмин инсони сайёра барои зиндагӣ аз Уқёнус вобаста аст, вале худ дар хатар қарор дорад. Ин фазо то ҳол пурра омӯхта нашудааст ва он на низоми ҷаҳонии идоракунӣ дорад, на маблағгузории кофӣ барои муҳофизат. Омор нигаронкунанда аст: тибқи таҳқиқоти маҷаллаи Science ҳамасола зиёда аз 8 миллион тонна плостик ба Уқёнус партофта мешавад. Илова ба ин, истифодаи беш аз ҳад аз он (зиёда аз сеяки захираҳои моҳиро фаро мегирад), баландшавии сатҳи баҳр ва вайроншавии экосистемаҳои баҳрӣ низ ба он таҳдид мекунад. Ва таъсири ҳамаи ин омилҳо рӯз аз рӯз бештар мешаванд ва ин бевосита паёмади мустақими тағйирёбии иқлим аст.
Вақти амал фаро расидааст. Мо бояд иқдоми муштаракро рӯйи даст гирем ва барои ҳалли масъалаҳои воқеӣ талош намоем.
Даҳ сол пас аз COP21 ва Созишномаи Париж, ки чаҳорчӯбаи ҳуқуқии ҷаҳониро барои маҳдуд кардани гармшавии ҷаҳонӣ муайян кард, UNOC3 як фурсати таърихӣ аст. «Созишномаҳои Нис» метавонанд ба паймони байналмилалии ҳифз ва истифодаи устувори Уқёнус табдил ёбад. Ин паймон бо Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ), ки соли 2015 аз тарафи СММ қабул шуда буд, мувофиқат мекунад.
Барои расидан ба ин ҳадаф, муҳокимаҳо дар шаҳри Нис бояд ба амал нигаронида шаванд. Зарур аст, ки барои идоракунии беҳтар, маблағгузории бештар ва шинохти амиқтари баҳр кор карда шавад.
Дар мавриди идоракунӣ, Созишнома оид ба ҳифзи гуногунии биологии уқёнуси кушод (BBNJ) як воситаи асосӣ маҳсуб меёбад. Уқёнуси кушод – ки зиёда аз 60% уқёнусҳоро дар бар мегирад – ҳоло ягона фазоест, ки аз ҷониби ҳуқуқи байналмилалӣ танзим намешавад. Надоштани назорат ва қоидаҳои умумӣ ба фоҷеаи иҷтимоӣ ва экологӣ оварда мерасонад: ифлосшавии шадиди об бо нефт ва плостик, моҳидории ғайриқонунӣ, боздошти ҳайвоноти баҳрии муҳофизатшаванда. Барои бартараф кардан ва ба иҷро даровардани ин, зарур аст, ки на камтар аз 60 кишвар созишномаро ба тасвиб расонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад то 9 июн созишномаро тасвиб намояд. Ҳоло бештар аз ҳарвақта, мо бояд якҷо талош намоем ва UNOC3-ро ба як гардиши воқеӣ табдил диҳем. Мавқеи Шумо барои идоракунии устувори уқёнуси кушод ҳалкунанда аст. Фаронса бо ифтихор Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шаҳри Нис ҳамчун роҳбари ҷонибдори ҳифзи Уқёнус – барои таҷлили шурӯи иҷрои Созишномаи BBNJ даъват менамояд. Мо бо умеди иштироки шумо ҳастем.
Ҳифзи Уқёнус ҳамчунин талоши ҷалби сармояи давлатӣ ва хусусӣ ва дастгирии «иқтисоди кабуд»-и устуворро талаб мекунад. Барои истифодаи фурсати иқтисодии бузурги Уқёнус, зарур аст, ки захираҳои баҳрӣ қобили барқароршавӣ бошанд. Дар шаҳри Нис як қатор уҳдадориҳо дар самти савдои байналмилалӣ, нақлиёти баҳрӣ, сайёҳӣ ва сармоягузорӣ эълон хоҳанд шуд.
Чӣ гуна метавон чизеро муҳофизат кард, ки мо онро намешиносем ва ё дар борааш маълумоти кофӣ надорем? Мо бояд донишҳои илмии марбут ба Уқёнусро зиёд кунем ва онро ба ҷомеа васеътар паҳн намоем. Имрӯз мо қодирем рӯи Моҳ ё Марсро харитакашӣ кунем, вале таҳти уқёнусҳо барои мо то ҳол норавшан боқӣ мондааст. Ҳол он ки онҳо 70%-и Заминро дар бар мегиранд! Биёед якҷоя илм, навоварӣ ва маорифро сафарбар намоем, то Уқёнусро беҳтар дарк намуда, ҷомеаро бештар огоҳ намоем.
Дар шароите, ки тағйирёбии иқлим суръат мегирад ва захираҳои баҳрӣ беш аз ҳад истифода мешаванд, Уқёнус на як масъалаи ҷудогона, балки масъалаи ҳамагон аст. Заиф шудани бисёрҷонибаҳои ҷаҳонӣ набояд моро аз масъулияти умумии худ мунҳариф кунад. Уқёнус риштаи умумии мост, он дар маркази ояндаи мост. Биёед якҷоя UNOC3-ро ба як гардиши таърихӣ табдил диҳем – барои халқҳои мо, барои наслҳои оянда ва барои сайёраи мо.


