Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) ғолиби мусобиқаи CAFA-2025 шуд

Date:

Тими мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бо мағлуб кардани дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ғолиби мусобиқаи CAFA-2025 шуд шуд ва ҷомро болои сар бардошт.

Футболбозони навраси кишвар зери раҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар бозии ниҳоӣ муқобили Ӯзбекистон камбек карданд. Гарчанде дар нимаи аввал дастаи миллии Тоҷикистон дар ҳисоб (0:2) ақиб монда буд, вале то охири ду қисми иловагии 15-дақиқаӣ тавонист натиҷаро 3:4 ба нафъи худ кунад.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби наврасони кишвар таҳти роҳбарии Далер Каёсов бори сеюм ғолиби мусобиқаи CAFA  гардид. Манбаъ гуфтааст, ки қаблан Каёсов бо тими наврасон дар солҳои 2022 ва 2023 низ ба гирифтани ҷоизаи мазкур даст ёфта буд.

Ҳамин тавр, ба дастаи Ӯзбекистон барои ишғоли ҷойи дуюм медалҳои нуқра супурда шуд.

Дастаҳои Қирғизистон ва Туркманистон 30-юми май барои ҷойи сеюм мубориза бурданд. Замони асосӣ бо ҳисоби мусовӣ (0:0) хотима ёфт. Дар задани силсилзарбаҳои пеналти кори туркманҳо омад кард – 7:6.

Мунтахаби Туркманистон ҷойи сеюмро гирифт ва бо нишонҳои биринҷӣ сарфароз гашт. Дастаи Қирғизистон чаҳорум шуд.

Инчунин бозии тасаллобахш барои ҷойи панҷум миёни тимҳои Эрону Афғонистон доир гардид, ки бо пирӯзии эрониҳо бо ҳисоби 3:1 ба поён расид.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2025 бо иштироки шаш дастаи мунтахаби наврасони минтақа – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон – аз 24-ум то 31-уми май дар Тошканд доир гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...