Русия дар панҷ моҳ 21,5 ҳазор патенти муҳоҷирони меҳнатиро бекор кардааст

Date:

Русия дар панҷ моҳи соли равон (январ-июн) 21,5 ҳазор патент ё иҷозатномаи фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони кориро бекор кардааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 се маротиба зиёд мебошад. Дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, аммо теъдоди онҳо маълум нест.

Дар ин бора намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷират Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дода, навиштааст, “сабаби бекор шудани ин теъдод иҷозатнома пешниҳод накардани маълумот дар бораи фаъолияти меҳнатӣ” мебошад.

“Тибқи талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ  дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд”, – гуфтааст ин ниҳод.

Намояндагии вазорат дар Русия дар телеграм-канали худ намунаи пешниҳод кардани маълумотнома дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфарморо замима карда, се роҳи пешниҳоди маълумот ба мақомоти марбутаро ишора кардааст:

– Тариқи почтаи давлатии “Почта Россия”;

– Тавассути портали ягонаи давлатии “Госуслугы”;

– Рафтан ба “Маркази хизматрасонии шиносномаву виза”-и Вазорати корҳои дохилии Русия дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ.

Гуфта мешавад, ки агар ин талабот иҷро нагардад, патент ба таври худкор бекор карда мешавад ва номи шаҳрванд ба феҳристи шахсони назоратшаванда ворид мешавад.

Бояд гуфт, мақомоти моҳи феврали соли ҷорӣ рӯйхати шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандиро нашр кард, ки барои ҳузур доштан дар қаламрави Русия асосҳои қонунии худро аз даст додаанд.

Нахуст дар амр пешбинӣ гардида буд, ки онҳо бояд то 30 апрел будубоши худро қонунӣ созанд ё кишварро тарк кунанд. Ахиран муҳлати қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия, ки қоидаҳои муҳоҷиратро риоя накардаанд, то 10 сентябр дароз карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки давоми чор моҳи охир 19 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз Русия ихроҷ шудаанд.

Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи рӯйхати шахсони таҳти назорат ва қонуни кардани будубош дар Русия дар ин мавод мутолиа кунед

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...