Маконҳои забҳи чорво дар Иди Қурбон дар шаҳри Душанбе

Шаҳрдории Душанбе дар арафаи таҷлили Иди Қурбон ҷойҳои махсус барои забҳ ё куштани чорворо муқаррар кардааст. Чунин нуқтаҳо дар чор ноҳияи пойтахт муайян шудааст. Ба иттилои манбаъ, сокинони пойтахт бояд дар ҷойҳои муайяншуда чорвои худро забҳ кунанд ва барои дар дигар нуқтаҳо куштани чорво ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин ниҳод то лаҳзаи нашри мавод нагуфтанд, […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе дар арафаи таҷлили Иди Қурбон ҷойҳои махсус барои забҳ ё куштани чорворо муқаррар кардааст. Чунин нуқтаҳо дар чор ноҳияи пойтахт муайян шудааст.

Ба иттилои манбаъ, сокинони пойтахт бояд дар ҷойҳои муайяншуда чорвои худро забҳ кунанд ва барои дар дигар нуқтаҳо куштани чорво ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин ниҳод то лаҳзаи нашри мавод нагуфтанд, ки барои ин кор чӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.  

Нуқтаҳои забҳи чорво дар чор навоҳии пойтахтро дар тасвирбаёни мо бинед:

Тибқи фармудаи дини Ислом, дар рӯзи Иди Қурбон қурбонии гӯсфанд, шутур ё гов ҷоиз аст. Ҳамзамон бояд донист, ки ин амал пеш аз ҳама бо ҳадафи садақа додан, зиёфат оростани наздикон ва дӯстону шиносҳо анҷом дода мешавад. Аз се як ҳиссаи қурбонӣ бояд ба ниёзмандон ё муассисаҳои ятимон тақсим гардад, ҳиссаи дуюм ба меҳмонон ва хешу таборон дода шуда, ҳиссаи боқимонда барои аъзои оила нигоҳ дошта мешавад.

Бояд гуфт, ки забҳи чорво дар ҳудуди пойтахт солҳои 2007 – 2017 манъ буд. Соли 2017 Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе забҳи чорворо дар қаламрави пойтахт дар арафаи Иди Қурбон иҷозат дод.

Аз соли 2017 инҷониб ҳамасола барои забҳи чорво нуқтаҳои махсус дар ҳудуди пойтахт муайян мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки Иди Қурбон имсол санаи 6-уми июн ҷашн гирифта мешавад. Намози ид соати 5:45 субҳ оғоз меёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио