Мақомот ба 100 оилаи аз заминҷунбӣ зарардидаи Рашту Тоҷикобод маҳсулоти хӯрокворӣ кӯмак карданд

Дар арафаи Иди Қурбон ба 100 оилаи аз заминҷунбии моҳи апрел зарардидаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод маҳсулоти хӯрока кӯмак карда шудааст. Ин кӯмак аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон бо супориши Эмомалӣ Раҳмон дирӯз 3-юми апрел ба оилаҳои зарардида расонида шудааст. “Маҳсулоти хӯрока, аз орд, равған, шакар, биринҷ, макарон ва ғайра иборат аст”,-гуфтанд аз хадамот. […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар арафаи Иди Қурбон ба 100 оилаи аз заминҷунбии моҳи апрел зарардидаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод маҳсулоти хӯрока кӯмак карда шудааст.

Ин кӯмак аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон бо супориши Эмомалӣ Раҳмон дирӯз 3-юми апрел ба оилаҳои зарардида расонида шудааст.

“Маҳсулоти хӯрока, аз орд, равған, шакар, биринҷ, макарон ва ғайра иборат аст”,-гуфтанд аз хадамот.

Дар ин ниҳод, ҳаҷми кӯмакҳоро нагуфтанд.

Дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 1 нафар ҷон бохта, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) зарари заминларза дар маҷмӯъ, беш аз 17,78 миллион сомонӣ ($1,66 млн) ҳисоб шудааст. Дар маҷмуъ 1 ҳазору 331 оила, ҳамагӣ 5 ҳазору 639 нафар зарар дидаанд.

Қаблан, низ рӯзҳои 24 ва 25-уми апрел, кумакҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ масолеҳи сохтмонӣ ки аз озуқаворӣ, молҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ иборат аст, ба оилаҳои зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ирсол гардид.

Пештар “Тоҷиксуғурта” ба қариб 200 оила дар ноҳияи Рашт, ки дар заминларзаи харобиовари охир зарар диданд, 483,5 ҳазор сомонӣ кӯмак карда буд. Аз ин, ба ҳар як 34 оилаи пурра зарардида 5 ҳазор сомонӣ, ба 72 оилаи қисман зарардида 2 ҳазору 500 сомонӣ ва ба 89 оилаи зарари сабукрасида 1500 сомонӣ додаанд.

Тибқи супориши Эмомалӣ Раҳмон  ба зарардидаҳо замин ҷудо карда шуда, хонаҳои онҳо бояд то 1-уми ноябри имсол пурра сохта ба истифода дода шавад.

Дар пайи заминҷунбӣ дар ин ду ноҳия, 67 манзили истиқоматӣ пурра ва 280 хона қисман вайрон шуда, 321 хонаи дигар зарари сабук дидаанд. Ҳамчунин, 146 бинои ёрирасон, аз қабили мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва системаҳои обтаъминкунӣ зарар дида, 57 сар чорво талаф ёфтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.