Қабули кӯдакон ба синфи 1-ум аз моҳи август оғоз мешавад. Чиро донистан муҳим аст?

Қабули кӯдакон ба синфи 1-ум дар Тоҷикистон дар соли хониши 2025-2026 аз 1-уми август оғоз мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд. Барои қабули кӯдак ба синфи 1-ум пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст: – варақаи шахсии кӯдак; – ду акси 3х4; – ариза аз номи волидон; – шаҳодатнома дар […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Қабули кӯдакон ба синфи 1-ум дар Тоҷикистон дар соли хониши 2025-2026 аз 1-уми август оғоз мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.

Барои қабули кӯдак ба синфи 1-ум пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

– варақаи шахсии кӯдак;

– ду акси 3х4;

– ариза аз номи волидон;

– шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак;

– маълумотномаи тиббӣ;

– нусхаи шиносномаҳои падару модар (2 нусха);

– шаҳодатнома дар бораи ақди никоҳ;

– маълумотнома (справка) аз ҷойи зист.

Дар вазорат ҳамчунин зикр карданд, ки пеш аз қабул ба синфи 1-ум бо кӯдак суҳбат гузаронида мешавад. Шакли  сӯҳбат ба мактаб вобаста аст. Он метавонад суҳбати оддӣ бошад ва ё ба кӯдак вазифаҳои осону одӣ диҳанд.

“Маъмулан донишҳои заминавӣ санҷида мешаванд. Яъне кӯдак ба ҷуз, азёд донистани шеърҳо, бояд ҳадди ақалл то 30 ҳисоб карда тавонад, номи фаслҳои сол, сабзавоту мева ва шаклҳо (фигураҳо)-ро донад. Метавонанд ҳамчунин, доир ба аъзои оила саволҳо диҳанд”,  – гуфтанд дар вазорат.

Ҳамзамон, дар ин давра дар доираи барномаи омодакунии кӯдакони 7-сола ба мактаб, ки аз ҷониби ҳайати мушовараи вазорат тасдиқ шудааст, марҳилаи шиносоӣ гузаронида мешавад. Дарсҳо дар чаҳорчӯби ин барнома аз замони пешниҳоди ариза шурӯъ мешаванд.

 

Қабул бидуни пардохти маблағ

Дар Вазорати маориф ва илм илова намуданд, ки қабули кӯдакон ба мактаб ройгон аст. Ин ҳам ба мактабҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ ва ҳам русӣ дахл дорад.

Дар сурати аз волидон талаб кардани пул барои қабул онҳо бояд расид (квитансия) талаб кунанд ё дар бораи қонуншиканӣ ба телефони боварии вазорат- 221-30-92 муроҷиат намоянд.

 

Шашсолаҳоро қабул намекунанд

Имсол ба синфи якуми мактабҳо кӯдакони то 31-уми декабри соли 2018 таваллудшуда қабул мешаванд. Агар кӯдак 1-уми январи соли 2019 ё баъдтар аз он таваллуд шуда бошад, ӯро ба синфи якум қабул намекунанд. Яъне мисли солҳои пеш имсол кӯдакони синни 6-сола ба мактаб қабул карда намешаванд.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар доираи лоиҳаи “Стратегияи миллӣ дар соҳаи маориф то соли 2030” мактабҳои Тоҷикистон ба таълими 12-сола мегузаранд. Гуфта мешуд, дар чаҳорчӯби ин ташаббус кӯдакон аз синни 6-солагӣ ба мактаб қабул карда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.