Боздошти зане дар Суғд бо иттиҳоми фурӯши кӯдаки 4-солааш бар ивази хона

Пулиси вилояти Суғд як занро бо иттиҳоми қасди фурӯши духтари хурдсолаш бар ивази 14 ҳазору 800 сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ аз шаҳри Хуҷанд  боздошт кардааст. Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ дод, ки “ин зан сокини  ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров буда, талош кардааст духтари 4-солаи худро фурӯшад”. […]

Пулиси вилояти Суғд як занро бо иттиҳоми қасди фурӯши духтари хурдсолаш бар ивази 14 ҳазору 800 сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ аз шаҳри Хуҷанд  боздошт кардааст.

Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ дод, ки “ин зан сокини  ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров буда, талош кардааст духтари 4-солаи худро фурӯшад”.

“Зани 27-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  М.З. (дар барнома ному насаби зан пурра оварда шудааст, аммо “Азия-Плюс” бо риояи меъёри ахлоқӣ аз ӯ ном намебарад) санаи 29-уми апрел духтарчаашро ба “харидори шартӣ” бар ивази 14 ҳазору 800 сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд   фурӯшад. Зан ҳангоми   ба даст овардани маблағи пешакӣ мувофиқашуда аз ҷониби милитсияи шаҳри Хуҷанд боздошт шуд”, – зикр мешавад дар барнома.

Кӯдаке, ки модар талоши фурӯхтанашро дошт фарзанди дуюм аз оилаи дуюми зан будааст.

Дар наворе, ки Раёсати ВКД дар вилояти Суғд нашр кард, зани муттаҳам иқрор мешавад, ки “хато будани корашро намедонист ва касе ҳам ӯро огоҳ ва аз роҳаш бознадоштааст”.

Аммо дар чӣ шароит сабт шудани навори иқрори зан ва назари пайвандони ӯ ба ҳодиса маълум нест.

Айни ҳол алайҳи ин зан бо моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (хариду фурӯши ноболиғон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, худи ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ин банди қонун маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз  панҷ то ҳашт солро пешбинӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки ҷинояти хариду фурӯши ноболиғ дар Суғд бори аввал нест. Аз ҷумла, 21-уми октябри соли 2024  милитсияи Суғд сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҷурми кудакфурушӣ боздошт карда буд.

Дар моҳи сентябри соли 2024  як сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт низ барои талоши фурӯши кӯдаки худ боздошт шуд. Мақомот он замон гуфт, ки ин зан мехост кӯдакашро бар ивази 15 ҳазор сомонӣ фурӯшад ва ҳангоми гирифтани 5 ҳазор сомонӣ аз ҷониби милитсияи Ашт боздошт гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.