Қабули ҳуҷҷатҳо ба синфи якум дар мактабҳо аз 1 август оғоз мешавад

Қабули ҳуҷҷатҳо ба синфи якум дар мактабҳои Тоҷикистон дар соли хониши 2024-2025  аз 1 август оғоз мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маорифи Тоҷикистон хабар доданд. Барои қабул ба мактаб чӣ лозим аст? Бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои қабул ба мактаб: – ариза барои қабул ба мактаб; – корти тиббии кӯдак аз дармонгоҳи маҳалли […]

Қабули ҳуҷҷатҳо ба синфи якум дар мактабҳои Тоҷикистон дар соли хониши 2024-2025  аз 1 август оғоз мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маорифи Тоҷикистон хабар доданд.

Барои қабул ба мактаб чӣ лозим аст?

Бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои қабул ба мактаб:

– ариза барои қабул ба мактаб;

– корти тиббии кӯдак аз дармонгоҳи маҳалли зист;

– маълумотнома (справка) аз ҷойи зист;

– маълумотнома аз ҷойи кори ҳадди ақалл яке аз волидон;

– шаҳодатномаи таваллуди кӯдак;

– ду дона расми 3х4-и кӯдак.

Зимни қабул ба мактаб кӯдаконро чӣ интизор аст?

Бо кӯдак суҳбат мекунанд.

Раҳбарияти мактабҳо мустақилона шакл, метод ва навъҳои санҷиши кӯдаконро муайян мекуннад. Аммо ҳамааш ба вазифаҳои мантиқӣ асос ёфтааст.

Яъне кӯдак ба ҷуз аз ёд донистани шеърҳо, бояд ҳадди ақалл то 30 ҳисоб карда тавонад, номи фаслҳои сол, сабзавоту мева ва шаклҳо (фигураҳо)-ро донад. Метавонанд ҳамчунин доир ба аъзои оила саволҳо диҳанд.

Шашсолаҳоро қабул намекунанд

Дар Вазорат зикр карданд, ки мисли пешин кӯдакони синнашон 6-сола имсол ба мактабҳо қабул карда намешаванд. Тибқи қонун “Дар бораи маориф”, танҳо кӯдаконе, ки синни 7-соларо пур кардаанд, ба синфи якум қабул мешаванд.

Ба ин тариқ, гуфтанд дар Вазорат, имсол ба синфи якуми мактабҳо кӯдакони то 31 декабри соли 2017 таваллудшуда қабул мешаванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2018 таваллуд шуда бошад, ӯро ба синфи якум қабул намекунанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар доираи лоиҳаи “Стратегияи миллӣ дар соҳаи рушди маориф то соли 2030” мактабҳо ба таълими 12-сола мегузаранд. Гуфта мешуд, дар доираи ин ташаббус кӯдакон аз синни 6-солагӣ ба мактаб қабул карда мешаванд.

Ҳоло бошад, таълим дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 11-сола боқӣ монда, мутаносибан ба синфи якум кӯдакони синнашон 7-сола қабул карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.