ЧОРАБИНИҲОИ 12 ИЮН
– Имрӯз дар Қароргоҳи ЮНЕСКО дар пойтахти Фаронса, шаҳри Порис ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, шоир ва файласуфи тоҷику форс конфронси илмӣ-байналмилалӣ таҳти унвони “700 сол бо Ҳофиз” идома дорад. Дар конфронс олимону ҳофизшиносон, ҳунармандон ва аҳли фарҳанг аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат доранд. Он дирӯз, 11-уми июн оғоз шуда буд.
– Шурӯъ аз имрӯз то 14-уми июн дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи байналмилалии савдо – “Суғд-2025” ва форуми сармоягузорӣ доир мегардад. Дар ярмарка ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти худро муаррифӣ карда, бо шарикони хориҷӣ музокирот анҷом медиҳанд ва интизор меравад, ки созишномаҳо ба имзо расонанд.
– Имрӯз дар маҷмааи “Комюнити” бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Модари қаҳрамон” чорабинӣ баргузор мешавад. Чорабинӣ бо ташаббуси Бунёди хайриявии “Музаффар” ташкил шуда, дар он модарони ҷавонони муваффақ, аз ҷумла варзишгарон, ҳунармандон, олимон ва онҳое, ки солҳои охир дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистонро машҳур кардаанд, иштирок мекунанд.
– Имрӯз дар Душанбе ҷашнвораи “Корея 2025” оғоз мегардад. Дар чорабинӣ рақсу сурудҳо намоиш дода шуда, гӯшаҳои намоишӣ, дарси маҳорат ва озмунҳо ташкил мешаванд. Ин чорабинӣ то 15-уми июн идома мекунад ва вуруд озод аст.
– Дар Тоҷикистон то 14 июн бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун марафони ихтиёрии хунсупорӣ баргузор мешавад. Ҳар як шахс метавонад дар маърака иштирок кунад.
Барои ин ба филиали наздиктарини Маркази ҷумҳуриявии хун ё ба маркази саломатии маҳаллӣ худ муроҷиат кардан лозим аст. Донор метавонад шаҳрванди Тоҷикистон бошад, ки аз 18 то 60 сол дошта, тарзи ҳаёти солимро пеш мебарад. Пеш аз супоридани хун донор аз муоинаи тиббии ройгон мегузарад. Шахсоне, ки хоҳиши иштирок карданро доранд, бояд бо худ шиносномаашонро дошта бошанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 12 ИЮН
Соли 2008 – Дар ВМКБ Анҷумани сайёҳӣ, экологӣ ва фарҳангии Помир таъсис ёфтааст.
Соли 2012 – Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ба истифода дода шуд.
Соли 2012 – Бо дастури Бег Зуҳуров (Сабур), роҳбари пешини Хадамоти алоқа сомонаи расонаи серхонандатарини кишвар – “Азия-Плюс” расман ба далели “мушкилоти фаннӣ”, вале дар асл барои шарҳҳои хонандагон масдуд карда шуд. Дертар дар пайи созиш бо Хадамот сомона дубора фаъол шуд. Вале аз соли 2014 ин сӯ сомонаи расона дубора баста аст.
Соли 2017 – Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш дар доираи сафараш ба Тоҷикистон аз кӯли Сарез боздид кард.
Соли 2019 – Ба Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Соли 2019 – Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати “Сементи тоҷик” дар бораи ҷалби сармоя барои сохтмон ва коркарди маводи семент ба маблағи 100 млн доллар созишнома ба имзо расониданд.
Соли 2021 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бинои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо (Тоҷикстандарт) дар вилояти Суғдро ба истифода дод. Бинои нав дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, аз 5 ошëна иборат аст.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1906 – Мавлуди Тоҷӣ Усмон, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик.
Тоҷӣ Усмон дастпарвари Донишгоҳи коммунистии шаҳри Самарқанд буда, аз соли 1933 дар идораи рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” ба хидмат пардохтааст. Ҳашт сол, аз соли 1953 котиби масъули маҷаллаи “Хорпуштак” буд.
Муҳимтарини офаридаҳояш маҷмӯаи ҳикояҳои “Кашфи асрор”, қиссаҳои “Духтари ниқобдор” ва “Муборакқадам”, очерки таърихии “Лаънаткардаи халқ” ва “Шоира Маҳастӣ” мебошанд.
Ҳамчунин, мураттиби китобҳои “Бисту се адиба”, “Дурдонаҳои назми тоҷик”, “Шоираҳои боистеъдод”, “Ханда ва истеҳзо” аст.
Точи Усмон 23 октябри соли 1968 дар 62-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1932 – Зодрӯзи Наҷмӣ Сайфиев, адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филологӣ.
Соли 1936 – Мавлуди Ҷонон Икромӣ, доктори илмҳои кимиё.
Соли 1938 – Зодрӯзи Набиҷон Рабеҷонов, олим-кибернетик, доктори илми техникӣ.
Соли 1945 – Мавлуди Алиҷон Бойматов, доктори илми иқтисодӣ.
Соли 2016 – Исҳоқ Табаров, яке аз адвокатҳои собиқ вазири саноат ва соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
12-уми июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Пешниҳоди ворид кардани ин рӯз ба тақвим пас аз ду ҳамоиши байналмилалӣ оид ба мубориза бо хатарноктарин шаклҳои меҳнати кӯдакон ба миён омад, ки соли 1997 дар Амстердам ва Осло баргузор гардида буданд.
Бори аввал ин рӯзро Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ) соли 2002 баргузор кард. Ҳадафи асосии он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин мушкил ва зарурати андешидани чораҳои ҷиддӣ барои барҳам задани меҳнати кӯдакон мебошад.
Тибқи омори охир, дар ҷаҳон 218 миллион кӯдак (аз 5 то 17-сола) ба меҳнат ҷалб шудаанд. Аз ин шумора 152 миллион қурбонии шаклҳои ғуломии муосир маҳсуб ёфта, 73 миллион дар навъҳои хатарноки меҳнат машғуланд. Аксари онҳо фурсат барои таҳсил надоранд, аз бозӣ, ғизо ё нигоҳубини дуруст маҳруманд.
12-уми июн дар Русия ҳамчун Рӯзи Русия ё Рӯзи қабули Эъломияи истиқлоли давлатии Русия ҷашн гирифта мешавад.
Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1990, Анҷумани якуми вакилони халқии РСФСР Эъломияи истиқлоли давлатии Русияро қабул кард, ки дар он бартарии Конститутсия ва қонунҳои Русия ба расмият дароварда шуд.
Он замон, аксар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аллакай истиқлолияти худро эълон карда буданд ва ин санад дар шароити ҷудошавии пайдарпайи ҷумҳуриҳо қабул гардид. Ҳамон вақт номи расмии кишвар низ ба Федератсияи Русия тағйир ёфт.
Як сол пас, 12 июни соли 1991 аввалин интихоботи президентии умумихалқӣ дар таърихи Русия баргузор шуд ва Борис Елсин нахустин президенти Русия интихоб гардид.
12-уми июни соли 1849, ихтироъкори амрикоӣ Люис Ҳаслетт аввалин маротиба иҷозатнома барои як навъи ниқоби муҳофизатиро ба даст овард, ки он бо номи “Ҳимоягари шуш” (противогаз) маъруф гардид.
Ин дастгоҳ дорои клапанҳои нафаскашӣ ва нафасбарорӣ ва як филтри пашмии махсус буд. Филтр метавонист мустақим ё тавассути лӯла ба блок пайваст гардад. Блоки асосӣ ба бинӣ ё даҳон васл мешуд ва ба истифодабаранда имкон медод, ки ҳавои нисбатан тозаро нафас гирад.
Ин ихтироъ яке аз қадамҳои аввалин дар ихтирои муҳофизакунандагони зиддигазии муосир ба ҳисоб меравад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 12 ИЮНИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 18+23º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст ва чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 22+27º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 15+20º гарм, рӯзона 27+32º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва эҳтимоли раъду барқ дар назар буда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 25+30º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19-21º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 31+33º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+6º гарм, рӯзона 14+19º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, бориши сусти борон ва чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 30+32º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 30+32º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 26+28º гарм.


