Даргузашти яке аз адвокатҳои Зайд Саидов

Исҳоқ Табаров, яке аз адвокатҳои собиқ вазири саноат ва соҳибкор Зайд Саидов шоми рӯзи якшанбе дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Сабаби марги Исҳоқ Табаров алҳол расман эълон нашудааст, вале пайвандони адвокат гуфтаанд, тайи ду моҳи ахир ӯ аз мушкили нафаскашӣ азият мекашидааст ва дар ин муддат 20 кило хароб шудааст. Тибқи […]

ASIA-Plus



Исҳоқ Табаров, яке аз адвокатҳои собиқ вазири саноат ва соҳибкор Зайд Саидов шоми рӯзи якшанбе дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Сабаби марги Исҳоқ Табаров алҳол расман эълон нашудааст, вале пайвандони адвокат гуфтаанд, тайи ду моҳи ахир ӯ аз мушкили нафаскашӣ азият мекашидааст ва дар ин муддат 20 кило хароб шудааст.

Тибқи маълумоти хадамоти иттилоотии Осиёи Марказӣ, Исҳоқ Табаров чанд рӯз пеш бистарӣ шуда, вале табибон бемории ӯро дақиқ ташхис карда натавонистанд.

Қобили зикр аст, ки ду писари Исҳоқ Табаров дар маҳбас қарор доранд. Онҳо ба зархаридӣ ва даъватҳои оммавӣ ба тағйир додани сохти конститутсионӣ, ҳамчунин хабар надодан дар бораи ҷиноят гунаҳкор дониста шуданд. Худи адвокат дар ин робита изҳор дошта буд, ки ҳабси писаронаш фишори навбатиест болои ӯ барои ҳимояташ аз Зайд Саидов.

Ду нафар адвокатҳои дигари Зайд Саидов – Шуҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров ба иттиҳоми содир намудани ҷиноятҳои гуногун ба зиндон маҳкум шуданд. Ҳамаи онҳо бар ин назар буданд, ки Зайд Саидов пас аз эълони таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» мавриди таъқиб қарор гирифт. Ҳизб расман таъсис дода нашуда, собиқ вазири саноат ба иттиҳоми содир намудани як қатор ҷиноятҳо ба 29 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.