Анҷоми муваффақонаи ду лоиҳаи ҳукумати Ҷопон дар Хатлон

Рӯзи 9 июни соли 2016, оғои Такаши Окимото, роҳбари бахши матбуотии Сафорати Чопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) ташриф оварда, дар маросими муваффақона анҷом ёфтани ду лоиҳаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) ширкат варзид. Аваллан дар деҳаи “Доғистон” маросими анчомёбии «Лоиҳаи […]



Рӯзи 9 июни соли 2016, оғои Такаши Окимото, роҳбари бахши матбуотии Сафорати Чопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) ташриф оварда, дар маросими муваффақона анҷом ёфтани ду лоиҳаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) ширкат варзид.

Аваллан дар деҳаи “Доғистон” маросими анчомёбии «Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби миёнаи №4 деҳаи «Доғистон»-и ҷамоати деҳоти «Доғистон»-и ноҳияи Шӯрообод» баргузор гардид. Бо мақсади бунёди бинои нави мактаби №4, иборат аз шаш синфхона ва хонаи омӯзгорон ва муҷаҳҳаз гардонидани ашёи омӯзишӣ, аз қабили мизу курсӣ, тахтаи синфӣ ва ғайра ба Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз тарафи Ҳукумати Ҷопон маблағи умумии 111,889 доллари ИМА ҳамчун грант ҷудо гашта буд.

Худи ҳамон рӯз, оғои Окимото дар маросими ба охир расидани «Лоиҳаи паст намудани хавфи офатҳои табии дар қишлоқи “Даштиҷуми” ноҳияи Шӯрообод» иштирок намуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин грантро бо маблағи умумии 119,483 доллари ИМА ба даст овард. Ин маблағ мебоист барои сохтмони канали обгузаре масраф мешуд, ки деҳаи “Даштиҷумро” аз офати обхезӣ ва фаромадани сел ҳимоя менамуд. Илова бар ин, дар доираи лоиҳаи мазкур пули пиёдагардии нав барои бехатар гузаштани канали обгузар хангоми обхезӣ сохта шуд.

Рӯзи 10 июни соли 2016 оғои Такаши Камада, Сарпарасти Сафорати Ҷопон ба ноҳияи Қубодиён сафар карда дар маросими ба охир расидани «Лоиҳаи сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи «Навбаҳор»-и ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлол»-и ноҳияи Қубодиён» иштирок намуд. Барои сохтмони бунгоҳи тиббии нав дар деҳаи «Навабаҳор», ки қаблан он ҷо ягон муассисаи тиббӣ вуҷуд надошт, маблағи умумии 87,690 доллари ИМА ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Қубодиён дода шуд. Пас аз бомуваффақ анҷом ёфтани лоиҳа, ҳоло дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба сокинони деҳаи «Навбаҳор» зудтар ва хубтар гашт.

Зимни суханронии хеш дар маросими фавкуззикр, оғои Камада қайд намуд, ки лоиҳаҳои Барномаи кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми маҳаллии Тоҷикистон назаррасанд ва ба рушди равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон вусъат мебахшанд.

Сокинони маҳаллӣ ва кормандони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Қубодиён ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирӣ ба беҳтар гардонидани соҳаи маориф, хизматрасонии тиббӣ ва паст намудани хавфи офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар бо татбиқи лоиҳаҳои мазкур миннатдории самимӣ изҳор намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.