Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 июли соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ 4 ИЮЛ

– Дар Тоҷикистон даври асосии имтиҳонсупорӣ барои дохилшавӣ ба макотиби олии Тоҷикистон ҷараён дорад. Ин даври имтиҳонҳо то 9-уми июл идома мекунад. Дар 21 шаҳру навоҳии кишвар 47 нуқтаи имтиҳонсупорӣ ва 2 нуқтаи эҳтиётӣ ташкил шудааст. Бо суроғаи марказҳои имтиҳонсупорӣ дар тамоми кишвар дар ин маводи мо шинос шавед.

– Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) байни духтарони то 16-сола идома дорад. Мусобиқа, ки дар “Кохи Олимп” доир мегардад, дирӯз оғоз гардид ва то 7-уми июл идома мекунад. Дар он дастаҳои духтарона аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат мекунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 4 ИЮЛ

Соли 1939 – Анҷумани аввалини муаллимони Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 1970 – Дар Тоҷикистон Институти шарқшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳоло он ба се сохтори алоҳида тақсим шудааст: Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Институти мероси хаттӣ.

Соли 2002 – Қарори Ҳукумат дар бораи тасдиқи “Нақшаи стратегӣ оид ба хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ барои солҳои 2002–2004” ба тасвиб расид. Бар асоси ин санад, як қатор объектҳои давлатӣ хусусӣ гардонида шуданд.

Соли 2009 – Дар Душанбе озмуни байналмилалии “Панҷ ситора. Интервидение” баргузор шуд, ки Ален Абилфайзов ғолиби он гардид.

Соли 2017 – Дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии "Обшорон” таъсис дода шуд.

Соли 2019 – Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки истеҳсоли чӯҷаҳои бройлерӣ бо номи “Суғд Самарқанд Паранда” ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2020 – Президенти Тоҷикистон тағйирот ба моддаи 207-и Кодекси ҷиноятиро дар бораи нақзи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, ки боиси гирифторшавии оммавӣ ё заҳролудшавии одамон аз беэҳтиётӣ мегарданд, имзо кард. Тибқи ин тағйирот, барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, аз 2 то 5 сол ҷазои зиндон пешбинӣ мешуд.

Соли 2020 – Эмомалӣ Раҳмон ҷорӣ намудани ҷарима барои вайрон кардани “реҷаи ниқобпӯшӣ” ва паҳн кардани ахбори бардурӯғ дар бораи пандемияро дастгирӣ кард. Барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ тавассути ВАО барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз 580 сомонӣ то 11 600 сомонӣ ҷарима муқаррар гардид. Барои надоштани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима пешбинӣ мегардид.

Соли 2022 – Дар асоси иловаҳо ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” 26-уми сентябр Рӯзи Маҷлиси Олӣ ва 1-уми декабр Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян гардиданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1933 – Мавлуди Ҳайрат Шанбезода, адиб ва рӯзноманигори тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳайрат Шанбезода

Ҳайрат  Шанбезода  хатмкардаи факултаи  таъриху филологияи  Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро аз муаллимӣ дар мактаби ба номи Кирови Хоруғ оғоз кардааст. Баъдан беш аз 20 сол ходими адабии рӯзномаи “Маориф  ва маданият” буд.

Шанбезода аз соли 1987 ҳамчун муҳаррири  калони нашриёти “Адиб” фаъолиятро оғоз намудааст. Ӯ соли 1989 ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуд.

Номбурда муаллифи маҷмӯаҳои “Сарез”, “Ғазалҳо”, “Ситораи дур” буда, бештар ашъори лирикӣ месуруд.

Шанбезода соли 2004 дар 71-солагӣ даргузашт.

Соли 1947 – Мавлуди Икром Қурбонов, риёзидон, доктори илмҳои физикаву математика.

Соли 1970 – Зодрӯзи Муҳаммад Мирзо, роҳбари гурӯҳи ширкатҳои "Avesto Group" дар Тоҷикистон.

Соли 2016 – Субҳони Саид, овозхони маъруфи тоҷик дар 56-солагӣ аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Субҳони Саид

Субҳони Саид баъди гирифтани таҳсилоти 8-сола дар зодгоҳаш (Ҳисор), се сол дар Омӯзишгоҳи санъати ноҳияи Рӯдакӣ таҳсил кардааст. Ӯ солҳои 1979-1981 дар шаҳри Маскав хидмати сарбозӣ карда, баъд аз он фаъолиятро ба ҳайси механики синамо дар шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор шуруъ намудааст.

Субҳони Саид солҳои 1983-85 дар ҳайати ансамбли эстрадии “Суғдиён” ҳунарнамоӣ карда, соли 1986 ба дастаи ҳунарии “Ганҷина”-и Филармонияи давлатӣ даъват шудааст. Ӯ аз соли 1993 то соли 2008 раёсати дастаи ҳунарии “Гулшан”-ро бар ӯҳда дошт.

Номбурда муаллифи даҳҳо оҳангу сурудҳои эстрадӣ ва мардумӣ буда, соли 2003 дар озмуни сартосарӣ миёни овозхонҳои эстрадаи тоҷик бо касби мақоми аввал “Ситораи сол” эълон шуда буд.

Субҳони Саид шаби 4 ба 5-уми июли соли 2016-ум дар 56-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

4 июли соли 1776 Эъломияи истиқлолияти Амрико имзо шуд. Ин санад Амрикоро ҳамчун як кишвари мустақил аз Британияи Кабир эълон мекард. Ҷанг барои истиқлол аллакай аз соли 1775 оғоз ёфта буд, аммо маҳз 4-уми июл мубориза расман шакли сиёсию ҳуқуқӣ гирифт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Эъломия зери роҳбарии Томас Ҷефферсон таҳия ва дар Конгресс қабул гардид. Дар он ҳуқуқи инсон, озодӣ, адолат ва ҳукумати халқӣ асос ҳисобида мешуд. Бо вуҷуди ин, истиқлолияти Амрико танҳо соли 1783, баъди имзои Созишномаи Париж, аз ҷониби Британия ба расмият шинохта шуд. Аз ҳамон вақт, 4-уми июл ҳамчун рӯзи Истиқлол ва яке аз идҳои миллии ин кишвар таҷлил мегардад. Ҳоло нусхаи аслии Эъломия дар Бойгонии Миллии Амрико дар Вашингтон нигоҳдорӣ мешавад.

Имрӯз Рӯзи ёдбуди қурбониёни наслкушии яҳудиён дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ таҷлил мешавад. 4-уми июли соли 1941, чанд рӯз пас аз ишғоли шаҳри Рига аз ҷониби нерӯҳои Олмон, дар пойтахти Латвия як амалиёти ваҳшиёна сурат гирифт. Ҳашт ибодатгоҳи яҳудиён бо ҳазорон нафар, ки дар дохили онҳо буданд, сӯзонида шуданд.

Гурӯҳи амниятии Олмон, ки таҳти роҳбарии Виктор Арайс амал мекард, девору сутунҳоро бо бензин олуда, биноҳоро оташ зад. Танҳо дар ибодатгоҳи марказӣ беш аз 500 нафар ҳангоми ибодат сӯхтанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Арайс баъди 34 сол аз ҷониби мақомоти Олмон пайдо ва боздошт гардид. Ӯ он замон дар як чопхона дар Франкфурт кор мекард. Соли 1975 ба ҳабси абад маҳкум шуд ва соли 1988 дар синни 78-солагӣ дар зиндон фавтид. Ин рӯйдод яке аз мисолҳои фоҷиабори “Ҳолокост” мебошад ва имрӯз ҳамчун рӯзи ёдбуд дар бархе кишварҳо пазируфта шудааст.

4-уми июли соли 1631 дар Порис Идораи суроғаҳо ифтитоҳ шуд. Ин муассисае буд, ки метавон нахустин оҷонсии расмии шуғл ва иттилоотӣ номид. Муассиси он Теофраст Ренодо, табиб ва рӯзноманигори машҳури вақт буд.

Дар ин идора аввал бюллетенҳои дорои таблиғоти пулакӣ нашр мекарданд, баъдтар дархости корфармоён ва шарҳи ҳоли довталабонро ҷамъ карда, миёни аҳолӣ паҳн мекарданд. Хизматрасонӣ дастрас ва арзон буд. Баъдтар ба хотири васеътар паҳн кардани маълумот, Ренодо аввалин рӯзномаи Фаронса – “La Gazette”-ро таъсис дод. Бюро ҳамчун як маркази ахбори иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва касбӣ дар саросари кишвар фаъолият мекард ва онро метавон нахустин агентии таблиғотӣ дар Аврупо ҳисобид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

4-уми июли соли 1957 нахустин парвози ҳавопаймои мусофирбари “Ил-18” анҷом дода шуд. Он аз ҳавопаймоҳои насли аввалини мусофирбар бо муҳаррики газотурбинӣ буд, ки ба масири дуру миёна сафар мекард.

"Ил-18" 20 маротиба аз рӯйи борбардорӣ ва баландии парвоз рекорд гузоштааст. Он на танҳо дар давлатҳои Шӯравӣ, балки дар 17 кишвари хориҷӣ низ истифода мешуд. То охири солҳои 1970 он дар хати ҳавонавардии байналмилалии “Аэрофлот” бартарӣ дошт ва баъдан бо "Ил-62" ва "Ту-154" иваз карда шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

4-уми июли соли 1900 аз шаҳри Кронштадт киштии тадқиқотии “Заря” таҳти роҳбарии Барон Эдуард Толл, муҳаққиқи шинохтаи Арктика ба самти шимоли дурдаст равон шуд. Ҳадафи экспедитсия ҷустуҷӯи ҷазираи афсонавие бо номи "Замини Санников" буд.

Соли 1811 шикорчии рус Яков Санников дар шимоли ҷазираи Котелний мавҷудияти як замини номаълумро мушоҳида карда, дар бораи он гузориш дода буд. Солҳо пас, Толл дар сафари худ 4 кӯҳи баландро дид ва гумон бурд, ки ин ҳамон замини гуфтаи Санников аст. Ӯ онро “Замини Санников” номид ва дар харита ишора кард.

Аммо соли 1938 ҳавонавардони шӯравӣ бо истифода аз аксҳои ҳавоӣ исбот карданд, ки чунин замин воқеан вуҷуд надорад. Ба гуфтаи мутахассисон, он на ҷазираи воқеӣ, балки як минтақаи яхбастаи муваққатӣ бо қабати хок буда, мисли ҷазираҳои Василевский ва Семёновский дар натиҷаи обшавии яхҳо пурра нопадид шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 4 ИЮЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 22+27º гарм, рӯзона 38+43º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 28+33º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона аз 23+28º то 31+33º гарм, рӯзона 39+44º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 45+47º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 38+43º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона аз 28+33º то 39+41º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 32+37º гарм (дар н.Дарвоз то 40+42º гарм), дар шарқи вилоят шабона 7+12º гарм, рӯзона 23+28º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 24+26º гарм, рӯзона 40+42º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 40+42º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 24+26º гарм, рӯзона 42+44º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...