Мақоқоти Куриёи Шимолӣ эълом карданд, ки дар як шабонарӯзи ахир дар он кишвар 167ҳазору 650 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ё "COVID-19" ошкор шудааст.
Дар ин бора Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Куриёи Шимолӣ иттилоъ додааст. Ба огаҳии идора, дар шабонарӯзи гузашта танҳо як нафар бар асари коронавирус ҷон бохтааст.
Ин беморӣ дар Куриёи Шимолӣ расман "табларза" номида мешавад. Бино ба омори идораи мазкур, аз охирҳои моҳи апрели соли равон то ҳол дар он кишвар 2,8 миллион одам ба вируси нав гирифтор шуда, 68 кас ҷон бохтааст.
Мақомоти Куриёи Шимолӣ ибтидои моҳи майи соли равон бори нахуст эътироф карданд, ки гирифторӣ ба коронавирус дар он кишвар ошкор карда шудааст.