Геологҳо тавсия доданд, ки 68 хонавода ва як мактаб ба ҷойи бехавф кӯчонида шаванд

Date:

Геологҳои Тоҷикистон тавсия доданд, ки 68 хонавода ва як мактаб ба ҷойи бехавф кӯчонида шаванд.

Роҳбари Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе дар бораи ҷараёни амалисозии лоиҳаи “Хадамоти давлатии назорати ҷараёнҳои экзогении геологӣ” маълумот дод.

Дар доираи лоиҳа нимаи аввали соли 2025 дар 347 маҳаллаҳои аҳолинишин, аз ҷумла деҳаву шаҳрак ва ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон таҳқиқоти муҳандисиву геологӣ гузаронида шудаанд.

“Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бар асари ҷараёнҳои экзогенӣ аз қабили ярчу фурӯравии хок ва дигар зуҳуроти табиӣ зиндагӣ кардан хавфнок аст. Дар ин робита дар рафти таҳқиқот тавсия дода шуд, ки 68 хонавода ва як муассисаи таҳсилоти миёна ба ҷойи амну бехатар кӯчонида шаванд”, – зикр кард роҳбари Саридораи геология.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон чунин хавфу хатарҳо дар Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Роғун, Ваҳдат ва Шаҳринав ошкор карда шудаанд. Масалан дар Душанбе ва Ҳисор – 39 хона, шаҳри Турсунзода – 25, Роғун – 17, Ваҳдат – 19 ва Шаҳринав – 9 хона дар минтақаҳои хавфу хатар қарор доранд.

Корҳои тибқи лоиҳа оид ба мушоҳидаи ҷараёнҳои экзогенӣ идома дошта, рӯйхати маҳаллаҳои аҳолинишине, ки ба хавфу хатарҳо осебпазиранд, зиёд мешавад. Ин тадбирҳо ба то ҳадди ақалл кам кардани хавфҳо барои ҳаёт ва солимии шаҳрвандон, инчунин фароҳам сохтани шароити бештар бехатар барои иқомат дар минтақаҳои имконпазири чунин хавфҳо равона шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...