Баъди пайравони Жириновский, сардухтури беҳдошти Русия ҳам даъват кард, муҳоҷирон пеш аз вуруд муоина ва моякӯбӣ шаванд

Date:

Собиқ сардухтури санитарии Русия Геннадий Онишенко даъват кард, ки муҳоҷирон пеш ворид гардидан ба Русия аз муоинаи тибби ва эмкунӣ (моякӯбӣ) гузаранд.

Онишенко бар ин назар аст, ки бо кишварҳое, ки муҳоҷирон аз он ҷойҳо меоянд, мебояд қаблан дар бораи муоинаи пешакии тиббӣ ва ваксинзанӣ мувофиқа ҳосил намуд.

Тавре ки lenta.ru менависад, агар ба Русия мутахаасисони хориҷӣ лозим бошанд, пас барои будубоши онҳо дар кишвар шартҳо гузоштан лозим аст.

“Маро бубахшед, чаро шумо ин ҷо нишастаед? Агар барои мо муҳоҷирон лозим бошанд, пас мо бояд шарт гузорем”, – изҳор доштааст ӯ.

Академики рус гуфтааст, имрӯз Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар ҷойҳои муҳим машғули коранд, ниёз дорад ва ҳавлирӯбон (дворникҳо)-ро мисол овардааст, ки дар он аксаран шаҳрвандони хориҷӣ кор мекунанд. Ӯ таъкид намудааст, ки “онҳо кори неку хуб  мекунанд” ва илова намудааст, ки ба ҷойи манъкуниҳо, тақвияти назорат аз болои вазъи солимии онҳо зарур аст.

Онишенко даъват кардааст, ки ба таҷрибаи аллакай мавҷуда такя кардан лозим аст, ки замони паҳншавии СПИД байни кишварҳо дар бораи қабули танҳо хориҷиёне, ки аз муоинаи тиббӣ гузашта, ҳуҷҷтаҳои зурарӣ дар ин хусусро дар даст доранд, пешакӣ шартномаҳо ба имзо мерасиданд.

Собиқ сардухтури санитарии Русия чунин мешуморад, ки имрӯз ҳам чунин рафтор кардан зарур аст.

“Он замон бо кишварҳо шартнома баста, мегуфтем, ки одамон назди мо бояд бо варақаи аз муоинаи тиббӣ гузаштан оянд. Ба баъзе кишварҳо бовар дошем ва ҳуҷҷатҳои онҳоро эътироф мекардем. Бархеро худамон аз муоина мегузаронидем. Имрӯз дар соҳаи муҳоҷират тартибот ҷорӣ кардан зарур аст. Агар лозим бошад, пас эм гузаронидан лозим аст”,  – изҳор доштааст Онишенко.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...