Таниш миёни Боку ва Маскав. Оё Русия муносибати худ бо кишварҳои Осиёи Марказиро дигар мекунад?

Date:

Қариб ду моҳ мешавад, ки равобит миёни Озарбойҷон ва Русия ба сардӣ гароидааст ва ҳеҷ нармише дар муносибати ин ду кишвар мушоҳида намешавад. Равобити ин ду кишвари “шарики стратегӣ” баъди марги ду озарии шаҳрванди Русия дар Екатеренбург тира гашт. Озарбойҷон ду корманди хабаргузории русии “Спутник” ва даҳҳо шаҳрванди Русияро боздошт кард. Чорабиниҳои фарҳангии дар Озарбойҷон тарҳрезишудаи Русия ва сафари муовини сарвазири ин кишварро лағв кард.

Озарбойҷон иддао дорад, ки ин амалиёт ба таъқиби озариҳо равона шудааст ва ду шаҳрвандаш дар пайи шиканҷаи мақомоти рус ҷон бохтаанд. Русия даъво дорад, ки ин як амалиёти маъмулии кормандони мақомоти амниятӣ аст ва яке аз ҷонбохтагон аз бемории қалб вафот кардааст.

Ҳар ду кишвар сафирони ҳамдигарро ба вазорати корҳои хориҷии худ даъват карда, эътирозу нигарониашонро расониданд. Ахиран, Озарбойҷон эълон кард, ки Русияро барои суқути ҳавопаймояш дар 24-уми декабри соли 2024 ба додгоҳ мекашад. Боку даъво дорад, ки он аз сӯйи низоми зиддиҳавоии Русия суқут карда шуд.

Оё ин ҳама ҳаводис гувоҳи коҳиши нуфузи Русия дар кишварҳои пасошӯравӣ аст ва оё Маскав аз он сабақ гирифта, сиёсати худро бо ин кишварҳо тағйир медиҳад? Кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд мисли Озарбойҷон аз манфиатҳои худ ва шаҳрвандонашонро дар Русия ҳимоя кунанд?

Дар навори зер шарҳ медиҳем:

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...