Додгоҳҳои кишвар дар ним сол чанд парвандаро баррасӣ ва чӣ қадар маблағ ба буҷет ворид кардаанд?

  Дар ним соли равон додгоҳҳои кишвар 73 ҳазору 792 парвандаро баррасӣ кардаанд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2024-ум 20 ҳазору 511 парванда камтар мебошад. Кам шудани шумори паврандаҳоро Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии кишвар “ба баланд шудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон” рабт дод. Ӯ имрӯз, 7 август, дар нишасти хабарии ин ниҳод […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

 

Дар ним соли равон додгоҳҳои кишвар 73 ҳазору 792 парвандаро баррасӣ кардаанд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2024-ум 20 ҳазору 511 парванда камтар мебошад. Кам шудани шумори паврандаҳоро Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии кишвар “ба баланд шудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон” рабт дод.

Ӯ имрӯз, 7 август, дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, додгоҳҳои кишвар дар ин давра дар марҳалаи аввал 69 ҳазору 734 парвандаҳоро баррасӣ карданд:

– 7 ҳазору 461 адад парвандаи маданӣ;

– 20 ҳазору 683 адад парвандаи оилавӣ;

– 6 ҳазору 499 адад парвандаи ҷиноятӣ;

– 27 ҳазору 65 адад парванлаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;

– 4 ҳазору 61 адад дархости мақомоти тафтиши пешакӣ;

– 3 ҳазору 965 адад пешниҳоди сохтору мақомоти дахлдор.

Тибқи иттилои раиси Додгоҳи олӣ, дар ин давра, асосан, шумораи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, коҳиш ёфтаанд. Аз ҷумла, парвандаҳо ҷиҳати риоя накардани Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар” нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 ҳазору 158 парванда камтар шудаанд.

“Агар аҳамият дода бошем, на танҳо мақомот, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешравиву рушд ба по хестаанд. Ҳоло агар нафааре аз мошин як қоғаз партояд худи мардум гунаҳкорро акс гирифта ба “Душанбеполис” равон мекунанду ӯро ҷазо медиҳанд. Кам гардидани ҳуқувайронкуниҳои маъмурӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки худи мардум меъёри қонунро хуб риоя мекунанд” – илова кард ӯ. 

Тибқи иттилои Мирзозода, додгоҳҳои Тоҷикистон дар ним соли гузашта ба фоидаи давлат 108 миллиону 883 ҳазор сомонӣ рӯёнидаанд. Ин маблағ назар ба ҳамин давраи соли 2024 наздики 37 миллион сомонӣ бештар будааст. 

Ҳамчунин,дар ин давра додгоҳҳо 78 парвандаро оид ба рӯёнидани маблағи қарзи қувваи барқ баррасӣ кардаанд. Дар натиҷа, 955 ҳазору 726 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст. 

Вобаста ба риоя накардани Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 630 парванда ва вобаста ба нақзи меъёрҳои Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар” беш аз 7 ҳазор парвандаро баррасӣ кардаанд. Дар натиҷа, вобаста ба аввалӣ 615 нафар беш аз 5 миллион сомонӣ ва дар робита ба дуюмин 5672 нафар беш аз 4 миллион сомонӣ ҷарима шудаанд. 

Дар ин умум, дар ин ним сол, додгоҳҳои кишвар нисбати 855 нафар 647 парвандаи ҷиноятии хусусияти коррупсионӣ доштаро баррасӣ намудаанд. Маълум нест, ки чанд нафар дар доираи ин парвандаҳо ҷазо гирифтанд. 

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин давра аз ҷониби судҳои болоӣ 200 адад қарорҳои судҳои поёнӣ бекор карда шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 56 адад камтар аст.

Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониӣи Додгоҳи олӣ 284 муроҷиат нисбат ба ҳаракатҳои судя, кормандони дастгоҳи судҳо ва беамалӣ дар судҳо баррасӣ гардида, дар натиҷа рафтори 49 судя баррасиву 1 судя ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.