Ҳам рақами сабз ва ҳам зард. БДА шарҳ дод, ки чаро дар таксиҳо рақами зард ҳам насб мекунанд

Бо насби ду рақам фаъолият кардани кирокашҳо дар Душанберо Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД шарҳ дод: яке, ки рангаш сабз аст, барои қайди давлатии автомобил, дигарӣ, ки рангаш зард аст, барои маълум кардани фаъолияти қонунии кирокашҳо. Рақами дуюм, яъне зард ройгон дода мешавад. Миралӣ Абдураҳмонзода, сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба "Азия-Плюс" гуфт, рақами […]

Бо насби ду рақам фаъолият кардани кирокашҳо дар Душанберо Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД шарҳ дод: яке, ки рангаш сабз аст, барои қайди давлатии автомобил, дигарӣ, ки рангаш зард аст, барои маълум кардани фаъолияти қонунии кирокашҳо. Рақами дуюм, яъне зард ройгон дода мешавад.

Миралӣ Абдураҳмонзода, сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба "Азия-Плюс" гуфт, рақами иловагӣ, яъне бо ранги зард, барои маълум кардани кирокашҳое, ки ғайриқонунӣ, аз шаҳру навоҳии гирду тароф ба пойтахт омада фаъолият мекунанд, насб карда мешавад.

“Мо барои пойтахт 12 ҳазор таксӣ муайян кардем. Вале бархе таксиҳое ҳастанд, ки “нелегал” кор карда, дар роҳҳои шаҳри Душанбе тамбашавиро ба вуҷуд меоранд. Барои ҳамин ин рақамҳоро муайян кардем, то донем, ки 12 ҳазор таксӣ ҳаминҳоянд, аз ин зиёд, ки даромад, дарҳол онҳоро берун мекунем”, – гуфт Миралӣ Абдураҳмонзода.

Номбурда гуфт, ки рақамҳои дуюм бо қарори раиси шаҳри Душанбе насб мешавад ва ҳамаи 12 ҳазор кирокаши 4 ширкат, ки дар пойтахт расман фаъолият мекунанд, бояд ин рақмаҳоро дошта бошанд.

Дар ҳамин ҳол, як масъули дигари БДА дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки “ин рақамҳоро БДА ба ширкатҳои кирокаш медиҳад ва онҳо рақамҳоро ройгон ба кирокашҳо тақсим мекунанд”.

Тасмими насби рақамҳои иловагӣ дар кирокашҳо дар ҳолест, ки моҳи июни соли равон шаҳрдории Душанбе танҳо ба 4 ширкати мусофиркашонӣ – “Эко-Таксӣ”, “Олуча-авто”, “Ковиён” ва “Сафо-таксӣ” иҷоза дод, ки дар пойтахт фаъолият кунанд ва дар умум, 12 ҳазор мошин (ҳар як ширкат 3 ҳазор кирокаш) дошта бошанд. Қаблан 12 ширкат бо ҳудуди 4,3 ҳазор мошин ба кирокашӣ машғул баданд.

Ҳамчунин, дастур шудааст, ки кирокашҳои ин ширкатҳо берун аз ҳудуди шаҳри Душанбе ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул нашаванд.

Он замон ронандагони бархе аз ширкатҳо шикоят карданд, ки кормандони БДА рақами мошинашонро мекананд ва монеи фаъолияташон мешаванд. Бархеи онҳо иддао мекарданд, ки мошинҳояшонро аз бонк қарз гирифта харидаанд ва ҳар моҳ бояд пули онро бипардозанд.

Ҳоло ронандагони ин кирокашҳо шикоят доранд, ки ширкатҳо аз онҳо талаб доранд, ки барои хадамоташон ва пайдо кардани мусофир ҳамарӯза бояд 100 сомонӣ ба ширкат пардохт кунанд. Ширкатҳо инро рад мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.