Аз шоиру нависанда то ҳунарпешаи халқӣ. Киҳо унвони давлатӣ гирифтанд?

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як маросими хоса ба як зумра кормандони касбу кори гуногун унвонҳои давлатӣ дод. Мо маълум кардем, ки кадом ҳунармандону овозхонҳо ва шоирону нависандагон соҳиби унвони баланд шуданд. Аз ҳунармандон Дар миёни ҳунармандон Исфандиёр Ғуломов ва Тӯрахон Аҳмадхонов соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шудаанд. Тӯрахон Аҳмадхонов аз зумраи ботаҷрибатарин ҳунармандон […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як маросими хоса ба як зумра кормандони касбу кори гуногун унвонҳои давлатӣ дод. Мо маълум кардем, ки кадом ҳунармандону овозхонҳо ва шоирону нависандагон соҳиби унвони баланд шуданд.

Аз ҳунармандон

Дар миёни ҳунармандон Исфандиёр Ғуломов ва Тӯрахон Аҳмадхонов соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шудаанд.

Тӯрахон Аҳмадхонов аз зумраи ботаҷрибатарин ҳунармандон ва коргардонони тоҷик маҳсуб мешавад. Моҳи июни имсол 90-солагиашро таҷлил карданд.

Ӯ таҳиягари намоишҳои маъруфи «Шоҳ Лир»-и У. Шекспир, «Роҳзанҳо»-и Ф. Шиллер ва «Қиёми Лоҳутӣ»-и А. Атобоев мебошад. Беш аз 50 сол дар Театри Лоҳутӣ фаъолият кардааст ва то кунун коргардони ин боргоҳ аст.

Дар даҳҳо филм, аз ҷумла «Достони Сиёвуш» нақшҳои марказӣ офаридааст. Унвони Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон низ дорад.

Исфандиёр Ғуломов ҳунарманди шинохтаи синамову театри тоҷик аст ва  риштаи ҳунарҳои зеборо дар Донишкадаи санъати театрии Русия (ГИТИС) хатм кардааст. Мавсуф бештар дар филмҳои хориҷӣ нақш офаридааст ва аз камтарин ҳунармандони тоҷик аст, ки дар берун аз Тоҷикистон маъруфият дорад. Соли 2018 соҳиби унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шуда буд. Перомуни рӯзгор ва корномаи ҳунариаш қаблан ба “Азия-Плюс” мусоҳиба дода буд.

Аз шоирону нависандагон​​​​​​​

Дар миёни шоирону нависандагон Юнус Юсуфӣ ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Латофат Кенҷаева бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон сазовор шудаанд.

Юсуфӣ аз ҷумлаи носирони муваффақи ҷумҳурӣ буда, навиштаҳояш дар авроқи васоити ахбори умум, маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ва мустақими «Садоҳо хомӯш намешаванд», «Зан ва анкабут», «Афсонаи Ҳафтдодарон», «Оташафрӯз», «Шинак» ва ғ. чоп шудаанд.

Романи «Оташафрӯз» дар мавзӯи ҷанги миёни артиши шӯравӣ ва чирикҳои афғонӣ баҳс мекунад ва ин фоҷиа дар мисоли пуштисаркардаҳои як нафар тоҷикписар дунболагирӣ ва дар маҷмӯъ, ҷанг маҳкум карда мешавад.

Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон  ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2022) аст.

Латофат Кенҷаева аз зумраи эҷодкорони чандҷанба аст – ӯ ҳам шоир, ҳам нависанда ва ҳам рӯзноманигор мебошад. Тахаллуси шоириаш Сабрин аст. Моҳи июни имсол 75-солагиаш бо тантана таҷлил шуд.

Эҷоди Латофат тамоми паҳлуҳои ба таълиму тарбия вобастаи насли наврасро фаро гирифтааст. Ӯ барои атфол шеър, бозӣ, ҳикоя, афсона, муаммо, шумурак, достонҳо навиштааст.

Муаллифи маҷмуаи «Таронаҳо», «Марҷони ранга», «Шарораи хотираҳо», «Сандуқчаи марворид», «Рози шабнам», «Мусича ва Дурдона», «Оҳи гусаста», «Нома ба бародар», «Гурбаи Сомон ва ҷӯҷаи Ораш», «Наҷотбахши дунё кист?» ва даҳҳо китоби дигар аст.

Намунаҳои осораш ба забонҳои дигари мардуми олам тарҷума шудаанд ва ӯ худ низ ба тарҷумаву чопи асарҳои адибони ҷаҳон машғул аст.

Аз овозхонҳо​​​​​​​

Дар миёни овозхонҳо Давлат Назрӣ ва Дилором Сатторзода соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шудааст.

Давлат Назрӣ аз зумраи овозхонони шинохта аст ва чанде аз пайвандонаш низ бо ин пеша машғул ҳастанд. Ӯ писари овозхони шаҳир Абдулло Назрӣ аст. Давлат ва бародаронаш Исмоил, Зариф ва Соҳиб Назрӣ аз ҳунармандоне дониста мешаванд, ки роҳи Абдулло Назриро идома медиҳанд. Маъруфтарин суруди Давлат Назрӣ “Дар мулки тоҷик духтаре дидам” аст.

Дилором Сатторзода бошад, роҳбари ансамбли рақсии "Ҷаҳоноро" аст. Корномаи ӯ маълум нест ва дар интернет ҳам дар борааш маълумоти зиёде вуҷуд надорад.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки чанд нафар рӯзноманигорон ва шахсиятҳои дигар соҳаҳо бо унвону ҷоизаҳо қадрдонӣ шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар моварои ҷашни истиқлол ба кормандони касбу кори гуногун аз ҷониби раисҷумҳур ҷоизаву унвонҳои давлатӣ тақдим мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.