Гармиву чангу ғубор ва хавфи обхезиҳо. Ҳушдори обуҳавошиносон аз болоравии ҳарорат

Date:

Аз 26 то 28 август сокинони Тоҷикистон бо болоравии ҳарорат ва бад шудани сифати ҳаво дучор мешаванд. Агентии обуҳавошиносии кишвар аз эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ дар ноҳияҳои ғарби ВМКБ, инчунин ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ва Ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ) ҳушдор медиҳад.

Гуфта мешавад, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, НТМ ва пойтахт бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст, ки махсусан барои кӯдакону шахсони пиронсол ва одамони дорои беморҳои музмини роҳҳои нафаскашӣ хатарнок аст.

Рӯзҳои наздик дар Душанбе ва НТМ ҳарорат шабона 21-23 ва рӯзона 35-38 дараҷа гарм мешавад. Шамол бо суръати 12-15 м/сония вазида, ҳавои тағйирёбанаи абрнок бо чангу ғубор дар назар аст, ки муддати се рӯз давом мекунад. Дар доманакӯҳ ва ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати каме поинтар – шабона 12-18 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Агентии обуҳавошиносӣ ба шаҳрвандон тавсия додаааст, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт худдорӣ намоянд ва хешовандону наздикони калонсоли худро зери назорат қарор дода,  бахусус дар ноҳияҳои кӯҳӣ, ки хатари фаромадани селҳои пиряхӣ вуҷуд дорад, бодиққату эҳтиёткор бошанд.

Болоравии суръати вазидани шамол то 15-20 метр дар як сония ва тӯфони чангу ғубор ба хавфҳои иловагӣ боис мегарданд, аз ин рӯ, мунтазам пайгирии вазъи обуҳаво ва риояи қоидаҳои бехатарӣ хеле муҳим аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...