Тоҷикистонро дар Бозиҳои варзишии кишварҳои ИДМ 144 варзишгар муаррифӣ мекунанд

Тоҷикистонро дар Бозиҳои варзишии сеюми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Озарбойҷон  144 варзишгар муаррифӣ мекунанд. Дар маҷмуъ, дар ин мусобиқа 1605 варзишгар ва 2330 намоянда аз 10 кишвар ширкат меварзанд. Дар ин мусобиқа аз дигар давлатҳо низ варзишгарон ширкат мекунанд: – Озарбойҷоно 340 варзишгар; – Русия 262 варзишгар; – Ӯзбекистон 254 варзишгар; – Беларус 240 варзишгар; – Қазоқистон 147 варзишгар; – […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Тоҷикистонро дар Бозиҳои варзишии сеюми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Озарбойҷон  144 варзишгар муаррифӣ мекунанд. Дар маҷмуъ, дар ин мусобиқа 1605 варзишгар ва 2330 намоянда аз 10 кишвар ширкат меварзанд.

Дар ин мусобиқа аз дигар давлатҳо низ варзишгарон ширкат мекунанд:

Озарбойҷоно 340 варзишгар;

– Русия 262 варзишгар;

– Ӯзбекистон 254 варзишгар;

– Беларус 240 варзишгар;

– Қазоқистон 147 варзишгар;

– Қирғизистон 126 варзишгар,

– Туркманистон 48 варзишгар;

– Туркия 38 варзишгар;

– Кувейт 6 варзишгар.

 

Бояд гуфт, ки имсол Бозиҳои сеюми кишварҳои ИДМ аз 28-уми сентябр то 8-уми октябр дар ҳафт шаҳри Озарбойҷон баргузор мешаванд. Мусобиқаҳо аз рӯи 23 навъи варзиш дар 12 майдону толор баргузор мегардад.

Дар мусобиқа, варзишгарон аз рӯи навъҳои варзиши ҷудо, самбо, гӯштини юнонию румӣ, гимнастикаи бадеӣ, тирпаронӣ, қаиқронӣ, таэквон-до, бокс, шамшерзанӣ, камонварӣ ва дигар навъҳо бо ҳам рақобат мекунанд. 

Дар Бозиҳои якуми кишварҳои ИДМ, ки аз 4 то 11-уми сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазони Русия баргузор шуданд, Тоҷикистонро 80 варзишгар дар 12 навъи варзиш намояндагӣ карда, 14 медал ба даст оварданд.

Дар Бозиҳои дуввуми кишварҳои ИДМ, ки аз 4 то 14-уми августи соли 2023 дар пойтахти Беларус баргузор шуданд, Тоҷикистон миёни 22 кишвари иштирокчӣ зинаи 8-умро касб карда, ба дарёфти 13 медал, 1 тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ ноил гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио