Кишоварзони тоҷик аз майдони кишти камтар, ҳосили зиёд гирифтанд

Date:

Аз моҳи январ то охири моҳи август майдони кишти сабзавот дар Тоҷикистон ҳудуди 33 ҳазор гектарро ташкил дода, аз 26 ҳазор гектари он 914 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст. Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин давра чунин зироатҳо ҷамъоварӣ шудааст:

– пиёз 343 ҳазор тонна;

– помидор 166 ҳазор тонна;

– бодиринг 111 ҳазор тонна;

– сабзӣ 121 ҳазор тонна;

– дигар навъи сабзавот 125 ҳазор тонна.

Дар ҳамин ҳол, нисбат ҳашт моҳи соли гузашта, ҳосили сабзавот камтар буд: майдони кишт қариб 40 ҳазор геткар ва ҳосили умумӣ зиёда аз 1,1 млн тоннаро ташкил дода буд.

Имсол ҷамъоварии ҳосили пиёзу помидор нисбатан камтар шуда, бодиринг каме зиёд шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷамъоварии бодиринг

Соли 2025 майдон кишти картошка ҳудуди 36 ҳазор гектарро ташкил дода, аз майдони қариб 14 ҳазор гектар ҳосил ҷамъоварӣ ва 252 ҳазор тоннаро ташкил дода буд. Соли гузашта ҳосили картошка ба 280 ҳазор тонна баробар буд. Дар ҳамин ҳол, имсол кишоваазон аз ҳар як гектар ҳосили зиёдтар ба даст оварданд.

Коршиносон шарҳ медиҳанд, ки миқдори умумии ҳосил бар асари кам гардидани майдони кишт поин рафта, баланд шудани ҳосилнокӣ нишон медиҳад, ки технологияҳои муосири кишоварзӣ ва кори бештар пурсамар дар замин барои ҷуброни талафот ва гирифтани маҳсулоти зиёдтар аз майдон кам кумак мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад, ки то охири соли 2025 ҳосили картошка бояд ба ҳудуди 1,1 млн тонна ва сабзавот- тақрибан ба 3,29 млн тонна расад, ки ҳаҷми зиёдтараш ба пиёз – ҳудуди 867 ҳазор тонна рост меояд.

Қобили зикр аст, ки ҷамъоварии ҳосил ҳоло идома дорад. Нисбат ба соли 2024 ҳаҷми умумии ҳосили дар соли 2025 бояд 5-10% зиёдтар шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...