“Танҳо як саги дайду ба 24 кас осеб расонид”. Вазорати тандурустӣ ҳамлаи сагҳо ба сокинони Ҳисорро шарҳ дод

Date:

Дар пайи ҳамлаи сагҳои оворагард дар сокинони деҳаи Гулхании шаҳри Ҳисор 24 кас осеб дида, то ҳол 6 каси онҳо дар беморхона бистарӣ мебошанд. Дигарон баъди гирифтани эм ё воксина аз бемории ҳорӣ (девонагӣ) аз бемористон рухсат шудаанд. Мақомот мегӯянд дар пайи ин ҳодиса, 38 саги дайдуро "безарар карданд".

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар шарҳи ин ҳодиса ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “танҳо як саги дайду ба 24 кас осеб расонидааст”.

“Ҳамашонро саг газидагӣ нест. Бархеҳо аз чорвои хонагӣ, ки саг онҳоро низ захмӣ кардааст, сироят ёфтаанд. Баъзеҳо харош доранд, бархеҳо дастонашон луоб шудааст. Ҳамаи нафарони бақайдгирифташуда вояи якум ва дуюми воксинаи зиддиҳориро гирифтанд. Ҳоло 6 нафар, ки захмашон амиқ буд, дар беморхонаи шаҳри Ҳисор ва Беморхонаи "Шифобахш" (Қарияи Боло) бистарӣ ҳастанд. Вазъи саломатии онҳо вахим нест”,-гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.

Ба гуфтаи ӯ баъди ин ҳодиса ҳукумати шаҳри Ҳисор гурӯҳи корӣ таъсис дода, ҳамаи сагҳои оворагардро нест кардаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Наврӯз Ҷаъфаров

“Дар умум 38 саги дайду ва бесоҳибро дошта маҳв карда шуданд. Ҳоло табибон дар ҳамаи хонаҳои деҳаи Гулханӣ рафта назорат карда истодаанд. Шахсоне, ки осеб дида буданд баъди ҷавоб шудан аз беморхона таҳти назорати доимӣ қарор доранд”,-иброз дошт номбурда.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 5-уми сентябр дар деҳаи Гулхании шаҳри Ҳисор сагҳои оворагард ба сокинони ин деҳа ҳамла карда онҳоро захмӣ карданд. Илҳом Қараев, сардухтури бемористони Ҳисор қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аксари маҷруҳон “аз рӯй ва даст зарар дидаанд”.

Сардухтур ҳам гуфта буд, ки 6 нафар дар беморхона қарор дошта, нафарони боқимонда баъди гирифтани воксина аз бемористон рухсат шудаанд

Бояд гуфт, ки дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, чанд кӯдаки аз ҳамлаи сагҳо захмбардошта дида мешавад. Бархеи онҳо дар беморхона қарор доранд. Дар ин наворҳо дида ва гуфта мешавад, ки чанд сагро дар пайи ин ҳодиса сокинон куштаву оташ задаанд.

Ин аввалин ҳодисаи ҳамлаи сагҳои дайду ба сокинон дар минтақаҳои Тоҷикистон нест. Қаблан сагҳои оворагард ва бемории ҳоридошта ба сокинони шаҳри Кӯлоб ҳамла карда, ба онҳо осеб расонида буд.

Дар пайи ин ҳодисаҳо, мақомот дар бештари ҳолатҳо, маъракаи безараргардонӣ ё куштори сагҳои дайдуро ба роҳ мемонанд. Ин амал дар гузашта хашми ҷонвардӯстдоронро оварда буд, ки  мақомот ба ҷойи нигаҳбонии сагҳо дар макони махсус онҳоро бераҳмона нобуд мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...