Яке аз се дастаи қавитарини қораи Осиё. Ҷудокорони навраси тоҷик аз Қаҳрамонии Осиё бо 4 нишон бармегарданд

Ду нишони тилло, як нуқра ва як биринҷӣ самари ҷаҳду талоши ҷудокорони навраси тоҷик буд, ки дар Қаҳрамонии Осиё ба даст омад ва дастаи мунтахаби наврасони ҷудокори кишварро дар қора миёни сегонаи беҳтаринҳо сазовор гардонид. Мусобиқа дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия идома дорад. Нишони аввали тиллоро Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг ва дар рӯзи […]

Asia-Plus

Ду нишони тилло, як нуқра ва як биринҷӣ самари ҷаҳду талоши ҷудокорони навраси тоҷик буд, ки дар Қаҳрамонии Осиё ба даст омад ва дастаи мунтахаби наврасони ҷудокори кишварро дар қора миёни сегонаи беҳтаринҳо сазовор гардонид. Мусобиқа дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия идома дорад.

Нишони аввали тиллоро Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг ва дар рӯзи аввали мусобиқа ба даст овард.

Мадина Қурбонзода то расидан ба марҳилаи ниҳоӣ ду ҷудокор аз Қирғизистон ва Ҳиндустонро шикаст дод.

Дар марҳилаи ниҳоӣ бо Нигина Умирзакова аз Ӯзбекистон вориди рақобат шуд ва ғалаба кард. Ҳамин тавр, Мадина Қурбонзода аввалин нишони тиллоро барои дастаи Тоҷикистон овард.

Ин нишони тиллои ӯ ҳамчунин аввалин миёни бонувони кишвар аст.

 

Дар рӯзи дуюми қаҳрамонӣ се ҷудокори тоҷик вориди рақобат шуданд.

Рошид Неъматов дар вазни то 73 кг даври аввалро озод паси сар карда, дар даври ҳаштякниҳоӣ Кадек Дви Виная аз Индонезия, дар даври чаҳорякниҳоӣ Субҳон Ҳакимӣ аз Эрон ва дар даври нимниҳоӣ Игор Криволапов аз Қирғизистонро шикаст дода, ба финал баромад.

 

Дар финал ӯ бо Бобоҷон Шарофови ҳамватанаш вориди рақобат гардид. Бобоҷон Шарофов то ин марҳила даври аввалро озод паси сар намуда, дар даври ҳаштякниҳоӣ Тсу Яо аз Тайбеи Чин, дар даври чаҳорякниҳоӣ Даулеткерей Казсейфил аз Қазоқистон ва дар даври нимниҳоӣ Минсунг Ҷеон аз Кореяи Ҷанубиро мағлуб карда буд.

Дар рақобат барои нишони тилло Рошид Неъматов ғалаба кард ва Бобоҷон Шарофовро бо нишони нуқра гузошт.

 

Ҷудокори дигар Абубакр Абдуҷалилзода дар вазни то 81 кг дар даври аввал намояндаи Кувайт Туркю Аленезиро шикаст дода, дар даври чаҳорякниҳоӣ мағлуби Ҷаеюн Сим аз Кореяи Ҷанубӣ гардид ва ба даври тасаллобахш рафт. Дар даври тасаллобахш бар намояндаи Ӯзбекистон Камронбек Қодиров зафар ёфта, барои нишони биринҷӣ бо Мунгундул Батҷаргал аз Муғулистон рақобат кард ва пирӯз шуд.

 

Ҳамин тавр, чаҳор ҷудокори навраси тоҷик, ки Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии Осиё муаррифӣ карданд, соҳиби нишон шуданд.

Имрӯз, 13-уми сентябр, боз ҳам дар шаҳри Ҷакарта мусобиқа миёни ҷавонон оғоз мегардад, ки кишвари моро 6 нафар Икром Шамсов (-60 кг), Умар Шеров (-66 кг), Муҳаммадамин Лоиқов (-73 кг), Абдулло Лоиқов (-81 кг), Суруш Саломов (-90 кг) ва Мадина Қурбонзода (-52 кг) намояндагӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио