Дар пайи ҳамлаи Артиши Исроил ба шаҳри Санъо, пойтахти Яман, дасти кам 9 нафар кушта ва 174 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Артиши Исроил гуфтааст, ин ҳамларо рӯзи 25-уми сентябр дар посух ба партофти паҳподи Ҳусиҳои Яман ба шаҳри Эйлати Исроил, ки боиси захмӣ шудани беш аз 20 нафар шуд, анҷом додааст.
Исроил мегӯяд, дар ҳамлаи худ ба Яман мавзеъҳои Ҳусиҳо дар Санъоро ҳадаф қарор додааст, вале “Ал-Масира”, расонаи марбут ба Ҳусиҳо, навиштааст, дар пайи бомбборони ҷангандаҳои Исроил даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ низ зарар дидаанд. Ҳамчунин, гузоришҳо аз ҳадафи ҳамлаи Исроил қарор гирифтани як зиндон дар Санъо низ нашр шудаанд.
Шабакаи 12-и Исроил гуфтааст, дар ҳамлаи Артиши ин кишвар ба Яман 20 ҷанганда ширкат карда, 65 бомб ба минтақаҳои гуногуни шаҳри Санъо партоб кардаанд.
Пас аз чанд соати анҷоми ҳамлаи Исроил, Ҳусиҳо ба ин кишвар як мушаки болистикӣ партоб кардаанд, ки боиси фаъол гаштани бонги хатар дар маркази Исроил ва ба паноҳгоҳҳо рафтани ҳазорҳо исроилӣ шудааст. Мақомоти Исроил гуфтаанд, ин мушакро раҳгирӣ кардаанд ва аз кушта ё захмӣ шудани сокинон гузорише дастрас накардаанд.
Ин ҳамларо Исроил посух ба ҳамлаи паҳподии Ҳусиҳо дар ду рӯзи пеш унвон карданд.
24-уми сентябр Ҳусиҳои ба шаҳри Эйлати Исроил дар ҷануби ин кишвар ва соҳили баҳри Сурх бо паҳпод ҳамла карданд, ки дар пайи он ба иттилои мақомоти исроилӣ ҳадди ақал 22 нафар захмӣ шудаанд.
Яҳё Сареъ, сухангӯи Ҳусиҳо рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ду паҳпод дар амалиёти “муваффақ” ду “мавқеияти душмани исроилиро ҳадаф қарор доданд”. Артиши Исроил ба ҳадаф расидани яке аз ин паҳподҳоро тасдиқ кардааст. Пулиси ин кишвар гуфтааст, ин паҳпод ба маркази шаҳри сайёҳии Эйлат бархӯрда, ба ҷуз захмиён, ба маҳалле, ки сайёҳон дар он рафтуомад мекунанд, зарар ворид кардааст.
Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки як паҳпод ба минтақае дар шаҳри Эйлат асобат мекунад ва аз он ҷо дуди ғализ баланд мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз оғози ҷанги Исроил дар Ғазза дар моҳи октябри соли 2023, Ҳусиҳо борҳо киштиҳои тиҷоратӣ бо парчами Исроилро ҳадаф қарор дода, бо истифода аз даҳҳо мушак ва паҳпод ба ин кишвар ҳамла ҳам карданд. Онҳо ин ҳамлаҳои худро ҳамбастагӣ бо фаластиниҳо унвон медиҳанд. Дар посух ба ин ҳуҷумҳо, Исроил чанд маротиба шаҳри Санъо, пойтахти Яманро, ки зери идораи Ҳусиҳо аст, бомбборон кард ва садҳо нафарро кушт.


