Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Палатаи қонунгузори парлумони Ӯзбекистон чанде қабл Созишнома дар бораи марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро тасдиқ кард.
Тавре аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, тасвиби созишнома аз ҷониби парлумонҳои кишварҳо ба густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи ду давлати дӯсту бародар мусоидат хоҳад кард.
Ёдрас мекунем, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ созишномаи мазкурро ахири моҳи феврали соли ҷорӣ ба тасвиб расонида буд. Рӯзи 18-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардида буд, ки дар он дар қатори масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ масъалаи марбут ба марзи давлатӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, асноди дахлдор ба имзо расида буданд.
Ҳамчунин зимни мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо ҳайати кишвари ҳамсоя таҳти роҳбарии муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон, вазири молия Рустам Азимов сарвари давлати Тоҷикистон пешниҳод сохта буд, ки баҳри ҳарчи зудтар ба тасвиб расидани ин созишнома кӯшиш ба харҷ дода шавад.
Тибқи маълумоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, масофаи марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 1106 километрро ташкил медиҳад.


