Қаҳрамони ҷаҳони ҷавони ҷудоро дар Душанбе ботантана пешвоз гирифтанд

Шаби 11 октябр қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон Муҳиддин Асадуллоевро садҳо нафар дар фурудгоҳи Душанбе ботантана пешвоз гирифтанд. Қаҳрамони ҷавонро, ки дар Перу ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид, бо чапакзаниҳои бардавом ва нидоҳои “Тоҷикистон ба пеш!” намояндагони сохторҳои соҳаи варзиши кишвар, мураббиён, наздикону пайвандон ва мухлисони ҷудо истиқбол карданд. Медали тиллои Асадуллоев […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Шаби 11 октябр қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон Муҳиддин Асадуллоевро садҳо нафар дар фурудгоҳи Душанбе ботантана пешвоз гирифтанд.

Қаҳрамони ҷавонро, ки дар Перу ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид, бо чапакзаниҳои бардавом ва нидоҳои “Тоҷикистон ба пеш!” намояндагони сохторҳои соҳаи варзиши кишвар, мураббиён, наздикону пайвандон ва мухлисони ҷудо истиқбол карданд.

Медали тиллои Асадуллоев дар Лима сеюмин дар таърихи Тоҷикистон аст. Бори аввал ба чунин комёбӣ Сомон Маҳмабеков дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш соли 2019 ва медали тиллои дуюмро Нуралӣ Эмомалӣ соли 2022 дар Эквадор ба даст оварда буданд.

Худи Асадулло изҳор дошт, ки ғалаба барои ӯ на танҳо комёбии шахсист, балки заҳмати ҳамаи он касонест, ки ба ӯ бовар доштанд.

“Ман дастгирии тамои кишварро эҳсос мекардам.Дар ҳар як рақобат на танҳо барои худ, балки тамоми Тоҷикистон мубориза мебурдам”, – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Перу, ки аз 5 то 7 октябр баргузор шуд, Асадуллоев дар вазни 73 кг ба дарёфти меди тилло ва унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. То дарёфти медал, ӯ дар панҷ рақобат ғолиб омад.

Муовини раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков зикр кард, ки ин комёбӣ натиҷаи кори мунтазам дар дастаи мунтахаб тайи солҳои ахир  ва фаласафи нав дар ҷудо тоҷик аст, ки ба методика, таҷрибаи байнулмилалӣ ва эътимод ба ҷавонон асос ёфтааст.

“Мо ба раиси Федератсия Исмоил Маҳмадзир, ситоди мураббиён ва ҳамаи аъзои даста барои кори фидокорона изҳори миннатдорӣ мекунем, – зикр кард ӯ. – Дар зарфи се сол дар низоми миллии ҷудо сохтори муосири омодагӣ ташкил шуда, бо мактабҳои пешрафтаи Осиё ва Аврупо ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд. Акнун мунтахаби Тоҷикистон рақиби комилҳуқуқи баргузидагони ҷудои ҷаҳон шинохта мешавад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.