spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Амонатбонк” ба қарздиҳӣ барои ипотека оғоз кард

Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон – “Амонатбонк” ба роҳандозии қарздиҳӣ барои ипотека (харидани хона бо қарзи дарозмуҳлат, масалан 10-сола) 100 млн сомонӣ ҷудо кард, хабар дод раиси ин бонк Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе.

Ӯ изҳор дошт, ки 100 млн сомонӣ маблағ барои марҳилаи аввал буда, минбаъд дар сурати зарурат боз маблағҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд.

Ба гуфтаи Икромӣ, қарз барои ипотека бо доллар бо меъёри 10%-и солона ва бо сомонӣ – 22%-и солона ба муҳлати 10 сол дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, таъкид шуд, ки касоне, ки аз “Амонатбонк” барои ипотека қарз гирифтан мехоҳанд, бояд 30% аз арзиши хонаро аз ҳисоби худ пардохт намоянд.

“Муштариёни бонк пас аз пурра анҷом дода шудани расмиёти гирифтани қарз метавонанд дар ин хона, ки ҳамчун гарав гузошта мешавад, зиндагӣ кунанд”, – илова намуд Икромӣ.

Ҳамчунин зикр шуд, ки манзил танҳо пас аз пурра пардохт шудани қарз ба номи мизоҷ гузаронида мешавад. То ин вақт он моли “Амонатбонк” хоҳад буд.

Қарзи ипотекаро метавон натанҳо дар Душанбе, балки дар дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ низ дастрас намуд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Қарздиҳӣ ба ипотека дар Тоҷикистон 20% афзуд

Қобили зикр аст, ки то ин дам танҳо аз се ташкилоти қарзии кишвар – “Спитаменбонк”, “Аввалин бонки молиявии хурд” ва ТҚХ “Ҳумо” қарзи ипотека гирифтан мумкин буд.

Дар ҳамин ҳол, ба қарз гирифтан аз ташкилотҳои зикршуда барои ипотека на ҳар кас тасмим мегирад, зеро меъёрҳои фоизи онҳо хеле баланд аст.

Ёдрас мекунем, ки қонун “Дар бораи ипотека” дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2008 қабул шуда, лекин бонкҳо чунин қарзҳои дарозмуҳлат намедоданд.

Соли 2019 ба қонун тағйирот ворид шуд, ки дар натиҷа бонкҳо ҷиҳати ба моликияти худ гирифтани амволи гарав бо тартиби ғайрисудӣ дар сурати аз ҷониби мизоҷ риоя нашудани қарордоди басташуда ҳуқуқ пайдо карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...