Тағйироти ҳатмӣ дар Ҳаҷ – 2026. Барномаи “Нусук” чист ва он чӣ имкониятҳо дорад?

Дар мавсими ояндаи ҳаҷ насб ва ба қайд гирифтани барномаи Нусук ҳатмӣ шуд ва бидуни он касе наметавонад рукни панҷуми дини Исломро анҷом диҳад. Дар ин робита “Азия-Плюс” барои хонандагон ин барномаро тафсир кард.   "Нусук" чӣ гуна барнома аст? Нусук (Nusuk ё نُسُك) барномаи расмии электронии Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ мебошад, ки […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар мавсими ояндаи ҳаҷ насб ва ба қайд гирифтани барномаи Нусук ҳатмӣ шуд ва бидуни он касе наметавонад рукни панҷуми дини Исломро анҷом диҳад. Дар ин робита “Азия-Плюс” барои хонандагон ин барномаро тафсир кард.

 

"Нусук" чӣ гуна барнома аст?

Нусук (Nusuk ё نُسُك) барномаи расмии электронии Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ мебошад, ки барои танзими сафарҳои зиёратӣ ба Макка ва Мадина таъсис ёфтааст. Ин аввалин низоми ягонаи расмие аст, ки ҳамаи марҳилаҳои омодашавӣ барои ҳаҷ ва умраро дар як барнома ҷамъ кардааст.

Мақсади асосии барнома инҳоянд:

– Осонсозии раванди қайдгирии зоирон;

– Пешгирии қаллобӣ ва таъмини амнияти зоирон;

– Баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ.

Барнома на танҳо барои ҳаҷ, балки барои умра низ истифода мешавад, аммо барои ҳаҷ он ҳатмӣ гардидааст.

 

Барномаи "Нусук" чӣ гуна кор мекунад?

Ин барнома ба зоирон имкон медиҳад, ки дар бораи ҳама маконҳои муқаддас маълумот пайдо кунанд ва аз хидматҳои пешниҳодшуда баҳра баранд. Корт панҷ портали асосиро дар бар мегирад:

– Маълумоти шахсии шаҳрванд;

– Дафтарчаи тиббӣ;

– Ҷои истиқомат дар Макка;

– Ширкати хидматрасоне, ки шаҳрванд аз он истифода мекунад;

– Маълумоти роҳбари гурӯҳ.

 

Насби "Нусук" аз кай ҳатмӣ шуд?

Насби барномаи Нусук аз 30-уми июли соли 2024 оғоз ёфта буд ва дар мавсими ҳаҷҷи соли 2025 аз он истифода шуд. Ахиран Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ эълон кард, ки дар мавсими ҳаҷҷи соли 2026 бидуни насби барномаи Нусук ҳеҷ кас ба шаҳрҳои Макка ва Мадина роҳ дода намешавад.

Инчунин, минбаъд бидуни насби ин барнома ҳеҷ кас наметавонад раводиди ҳаҷ гирад. Ҳукумати Арабистони Саудӣ мегӯяд, ин тартибро барои пешгирии ҳаҷи ғайриқонунӣ ва таъмини амният ҷорӣ кардааст.

 

"Нусук" саломатии зоирро месанҷад?

Аз ин пас ҳар як зоир бояд ҳуҷҷатҳои тиббии худро дар барномаи Нусук боргузорӣ кунад ва худро пурра ба қайд гирад. Ҳамчунин, “Нусук Браслет” – дастгоҳи ҳушманд, ки сатҳи оксиген дар хун ва тапиши дилро назорат мекунанд, ҷорӣ шудаанд. Ин дастгоҳ инчунин барои пайгирии маконҳои ҳаҷ ва пешниҳоди ҷадвал барои ҳаракати осонтар дар масоили ҳаҷ истифода мешавад.

Агар зоир чунин бемориҳо дошта бошад, Нусук онро муайян мекунад ва он шаҳрванд аз ҳаққи вуруд ба шаҳрҳои муқаддас маҳрум мегардад:

– Бемории дил;

– Бемориҳои музмини шуш;

– Бемории ҷигар дар марҳилаи вазнин;

– Бемориҳои рӯҳӣ ва асабии ҷиддӣ;

– Бемории сил;

– Бемориҳои сирияткунанда;

 

Барномаи "Нусук"-ро чӣ гуна насб мекунанд?

Барномаи расмии “Nusuk”-ро аз “Google Play Store” (барои Android) ё “App Store” (барои iOS) ҷустуҷӯ ва насб кунед. Инчунин, метавонед тавассути сомонаи расмии https://hajj.nusuk.sa барномаро боргирӣ кунед ё ҳатто онлайн истифода баред.

Ворид кардани маълумот. Маълумоти шахсӣ (ном, миллат, санаи таваллуд, рақами шиноснома)-ро дақиқ ворид кунед.

Тасдиқи рамз. Калидвожа созед ва ҳисоби худро бо email ё рақами телефон тасдиқ кунед.

Санҷиши ҳувият. Аксҳои сканшудаи шиноснома ва акси рангини 4×6-и худро бо заминаи сафед боргузорӣ кунед.

Мӯҳлати санҷиш. Санҷиши ҳувият одатан аз 2 то 4 ҳафта давом мекунад.

Ҳамёни электронӣ. Пас аз тасдиқ, барои пардохт ҳамёни электронии дорои ҳисоби IBAN кушода мешавад.

Интихоби баста. Вақти оғози фурӯш (одатан январ-феврал) ба қисми “Hajj Packages” дароед, бастаро интихоб ва пардохт кунед.

Гирифтани раводид. Баъди хариди баста, низом ба таври худкор раводиди электрониро таҳия мекунад.

Омодагӣ. Барои сафар чиптаи ҳавопаймо харед ва бо роҳбари гурӯҳ иртибот барқарор кунед.

Диққат. Аз соли 2026 пешниҳоди шаҳодатномаи тиббӣ ҳатмӣ аст.

 

Оё барнома бо забони тоҷикӣ фаъол ҳаст?

Мутаассифона, ҳоло забони тоҷикӣ дар барнома нест. Он бо забонҳои арабӣ, англисӣ, урду, индонезӣ, туркӣ, франсавӣ ва испанӣ кор мекунад.

 

Нархи ҳаҷ чанд аст?

Нарх аз 3000 то 15000 доллари амрикоӣ фарқ мекунанд, вобаста ба баста ва кишвари зоир.

 

Агар барнома кор накард чӣ кор кунам?

Метавонед тавассути сайт www.hajj.nusuk.sa кор кунед.

 

Оё метавон тавассути визаи туристӣ ҳаҷ кард?

Не! Танҳо визаи махсуси ҳаҷ қабул карда мешавад.

 

Чӣ вақт бақайдгирӣ барои соли 2026 оғоз мешавад?

Бақайдгирӣ барои соли 2026 дар 31-уми июли соли 2025 аллакай оғоз шудааст. Бастаҳо эҳтимол дар январ-феврали 2026 пешниҳод мешаванд.

 

Барои маълумоти муфассал ба куҷо метавон муроҷиат кард?

Сайти расмӣ: www.hajj.nusuk.sa

Рақами телефон: +966 920002814 (Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ)

Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт? Аз талаботи Тоҷикистон то муқаррароти Арабистони Саудӣ – ҳамаи ин равандро дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.