Дар Агентии маводи нашъаовар барои кормандони мақомоти мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон курсҳои бозомӯзӣ ташкил мешаванд

            Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мулоқоти роҳбари ин агентӣ Рустам Назаров бо ҳайати САҲА таҳти роҳбарии сармушовири милиса дар назди дабири куллии ин созмон Кевин Карти баргузор шуд.             Тавре сардори шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ Саъдулло Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мулоқоти роҳбари ин агентӣ Рустам Назаров бо ҳайати САҲА таҳти роҳбарии сармушовири милиса дар назди дабири куллии ин созмон Кевин Карти баргузор шуд.





           

Тавре сардори шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ Саъдулло Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаро хуб арзёбӣ намуданд. «Рустам Назаров аз дастгирии САҲА дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба намояндаи созмон изҳори миннатдорӣ карда, ҳамчунин меҳмононро бо фаъолияти агентӣ ва вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақа ошно сохт», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи С.Раҳматуллоев, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи дар заминаи агентӣ барои кормандони мақомоти мубориза бо маводи нашъаовари Афғонистон ташкил намудани курсҳои бозомӯзиро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.