Ҷамъбасти олимпиадаи байналмилалии “KhIMIO-2025”. Ҷоми Хайёмро гуруҳи хонандагон аз Тоҷикистону Қирғизистон соҳиб шуданд

Date:

Маросими ҷамъбастии олимпиадаи байналмилалии фаннӣ ба номи Хайём – “KhIMIO–2025”, рӯзи 9-уми ноябр баргузор шуд. Миёни хонандагони  синфҳои 9-11 Тоҷикистон ва байни хонандагони синфҳои 7-8 Қирғизистон Шоҳҷоиза – Ҷоми Хайёмро ба даст оварданд.

Ба ин дастаҳо китоби “Рубоиёти Хайём”, сертификат ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 доллар тақдим гардидааст. Дар ин хусус масъули баргузории озмуни мазкур ба “Азия-Плюс”  хабар дод.

Ин озмун аз рӯи фанҳои математика ва информатика доир шуд ва дар он 96 хонанда аз 8 кишвари дунё ширкат кардаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба иттилои манбаъ дар озмун 40 хонанда аз панҷ минтақаи кишвар – шаҳри Душанбе, ВМКБ, Суғд, Хатлон, ва шаҳру ноҳияҳои тобеи кишвар ширкат кардаанд. Дар умум миёни 96 хонанда 39 нафари онҳо ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд.

Натиҷаи бадастовардаи кишварҳо ба таври зайл аст:

Тоҷикистон – 8 ҷой,

Қирғизистон – 10 ҷой,

Қазоқистон – 8 ҷой,

Ӯзбекистон – 7 ҷой,

Белорус – 4 ҷой,

Туркманистон – 2 ҷой,

Арманистон – ягон ҷой,

Шоҳигарии Камбоҷа – ягон ҷой.

Ғолибон бо диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шудаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Олимпиадаи байналмилалии фаннӣ ба номи Хайём – “KhIMIO–2025” аз 5 то 9 ноябр дар шаҳри Душанбе бо ширкати хонандагон аз 8 кишвари дунё баргузор шуд. Ҳадафи озмун арҷгузорӣ ба мероси илмии Умари Хайём гуфта мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...