spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тоҷикистон ягона кишвари пасошӯравӣ миёни камбизоаттаринҳо аз рӯи ҳаҷми ММД ба сари аҳолӣ аст

Байни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон ягона давлате боқӣ мемонад, ки тибқи таснифи Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи сатҳи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба  ҳар сари аҳолӣ дар сафи кишварҳои сатҳи даромадашон паст қарор дорад.

Дар гузориши чанде пеш нашршудаи Бонки авруосиёии рушд гуфта мешавад, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Арманистон 4679, Беларус – 7333, Қазоқистон – 10 155, Қирғизистон – 1328, Русия – 12 196 ва дар Тоҷикистон – 878 долларро ташкил додаанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҶТ, аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ММД-и ҷумҳурӣ ба 98,9 млрд сомонӣ (ҳудуди 8,8 млрд доллар) баробар шуда, шумори аҳолии доимии кишвар то 1 январ ба 9 млн 934,4 ҳазор нафар расид.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
ФАСР: Камбизоатии Тоҷикистонро пардохтпазирии он таъмин мекунад

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хазинаи байнулмилалии асъор, тавре ки интизорӣ мерафт, нишондиҳандаҳои нисбатан беҳтар дар ин самт миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварҳои Назди Балтика ба қайд гирифта шудааст: Эстония – 27 100, Литва – 22 411 ва Латвия – 19 538 доллар.

Дар шаш кишвари боқимондаи пасошӯравӣ ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар соли гузашта тариқи зайл аст: Туркманистон – 8843, Озарбойҷон – 5167, Украина – 4960, Гурҷистон – 4807, Молдова – 4791 ва Ӯзбекистон – 1901 доллар.

Мувофиқи таснифи Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар гуруҳи кишварҳои сатҳи даромадашон паст (low income economies) ҷойгир аст. Дар ин кишварҳо Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ – камтар аз 1026 доллар аст. Ба ин гуруҳ 31 кишвари ҷаҳон шомиланд, ки аксарияташон давлатҳои Африқо, инчунин Афғонистон мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...