“Уқоби тоҷик” мағлубношуда боқӣ мемонад. Ғалабаи навбатии размикори тоҷик дар Лигаи “UFC”

Размикори шинохтаи тоҷик Нурулло Алиев дар муҳорибаи сеюми худ дар доираи Лигаи маъруфи UFC низ боз пирӯзӣ ба даст овард. Ӯ рақиби размикор аз Британия Рем Шокро шикаст дода, сеюмин пирӯзияшро дар Лигаи “UFC” ба қайд гирифт Ин муҳориба дар доираи муборизаҳои ташкилоти “UFC” шоми 22-юми ноябр, дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор гардида, Нурулло бо […]

Asia-Plus

Размикори шинохтаи тоҷик Нурулло Алиев дар муҳорибаи сеюми худ дар доираи Лигаи маъруфи UFC низ боз пирӯзӣ ба даст овард.

Ӯ рақиби размикор аз Британия Рем Шокро шикаст дода, сеюмин пирӯзияшро дар Лигаи “UFC” ба қайд гирифт

Ин муҳориба дар доираи муборизаҳои ташкилоти “UFC” шоми 22-юми ноябр, дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор гардида, Нурулло бо қарори якдилонаи доварон дар он пирӯз шуд.

Нурулло Алиев, ки бо лақаби “Уқоби тоҷик” ҳам шинохта мешавад, соли 2023 ба ташкилоти маъруфи “UFC” ворид шуда буд. Ӯ дар доираи ин ташкилот мубориза гузаронида, дар ҳарсеяш ғолиб омадааст. Алиев дар умум дар муҳорибаҳои омехта 11 рақобат анҷом дода, дар ҳамааш пирӯз шудааст.

Шем Роки 32-сола, рақиби имрӯзаи Нурулло то кунун дар 12 набардаш як шикаст ва як мусовӣ дошт.

Нурулло Алиев ҳоло боре ҳам шикаст нахӯрда, дар мусобиқаҳо байни ҳавасмандон ду маротиба чемпиони ҷаҳон оид ба панкратион шудааст. Дар мусобиқаҳои касбӣ (ҳирфаӣ) бошад, соли 2018 бори нахуст дар промоушенҳои Русия якчанд рақобат барпо кард ва баъди пирӯзӣ дар Contender Series ба Лигаи UFC даъват шуд.

Дар ин лига рақобати аввалини худро Алиев бо Рафаэл Алвес моҳи феврали соли 2023 дар мусобиқаи UFC Fight Night 220 баргузор намуд. Дар рақобате, ки тамоми вақти ҷудошуда давом кард, Нурулло бо қарори якдилонаи доварон ғолиб дониста шуд.

Моҳи ноябри соли 2023 дар буғуми зонуи ӯ ҷарроҳии вазнин сурат гирифта, барои муддати тӯлонӣ аз қувваозмоӣ дур монд, аммо акнун дубора ба толор баргашт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио