Ду медали ҷудокорони тоҷик дар “Abu Dhabi Grand Slam 2025”

Date:

Дар мусобиқоти силсилаи “Тоскулоҳи бузург”-и Абу Забӣ (Abu Dhabi Grand Slam 2025), ки дар пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб рӯзҳои 28-30-уми ноябр доир гардид, ҷудокорони тоҷик ду медал – як нуқра ва як биринҷӣ гирифтанд.

Медали нуқраро Муҳиддин Асадуллоев дар вазни 73 кг ва медали биринҷиро Суннатулло Мӯсоев дар вазни 81 кг ба даст оварданд.

Дар марҳилаи сеюми рақобат Асадуллоев бо қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва қаҳрамони олимпӣ Ҳидоятӣ Ҳайдаров аз Озарбойҷон дастболо шуд, ки натиҷаи ғайриинтизор ва барои ҷудокори ҷавони тоҷик хуб маҳсуб меёбад.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа ҷудокорони зерин низ шомил буданд:

Меҳрзод Сӯфиев (60 кг),

Абӯбакр Шеров, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду – 81 кг),

Абдулаҳад Маҷидов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (ҳарду – 90 кг),

Сомонӣ Кишваров, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду – 100 кг).

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Онҳо дар даврҳои аввал ё нимаи рақобатҳо ба бохт дучор гардида, аз ҳаққи идомаи мусобиқа маҳрум шуданд.

Ҳамин тариқ, ҷудокорони тоҷик ин мусобиқоти байналмилалиро бо як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ҷамъбаст карданд.

Дар мусобиқа ба сурати умум 373 ҷудокор аз 52 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд. Дар ҳисоби умумидаставӣ Тоҷикистон бо касби 2 медал дар зинаи 14-ум қарор гирифт. Фонди мукофотпулии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил дод: ба ғолиб 5 ҳазор, дорандаи медали нуқра – 3 ҳазор ва биринҷӣ – 1 ҳазору 500 евро тақдим шуд.

Ғайр аз ин, ҷоизадорон мутаносибан 1000, 700 ва 500 имтиёз дар радабандӣ ба даст оварданд, ки мустақиман ва ба мавқеъҳояшон дар ҷаҳон ва роҳ ёфтан ба мусобиқиҳои калидии мавсими соли оянда таъсир мерасонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...