Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз истифодаи сигорҳои электронӣ, бахусус, дар байни наврасон изҳори “нигаронии ҷиддӣ” карда, дастур додааст, ки барои манъи истифода, истеҳсол ва муомилоти сигорҳои электронӣ дар сатҳи қонунгузорӣ чораҳо андешида шавад. Ӯ дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллӣ гуфтааст, “таҳқиқоти илми тиб собит кардааст, ки истифодаи мунтазами сигорҳои электронӣ барои саломатии инсон, […]

Asia-Plus

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз истифодаи сигорҳои электронӣ, бахусус, дар байни наврасон изҳори “нигаронии ҷиддӣ” карда, дастур додааст, ки барои манъи истифода, истеҳсол ва муомилоти сигорҳои электронӣ дар сатҳи қонунгузорӣ чораҳо андешида шавад.

Ӯ дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллӣ гуфтааст, “таҳқиқоти илми тиб собит кардааст, ки истифодаи мунтазами сигорҳои электронӣ барои саломатии инсон, бахусус, ҷавонону наврасон зараровар буда, ба зиёдшавии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, дилу рагҳо ва шуш, аз ҷумла саратон оварда мерасонад”.

Аз ин рӯ, Рустами Эмомалӣ кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллиро вазифадор кардааст, ки қонунгузории кишварро дар ин самт таҳлил карда, барои “манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд”.

 

Ҳоло дар Тоҷикистон чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?

Тибқи қонунгузории амалкунанда, ҳоло барои муомилот ва фурӯши ғайриқонунии маҳсулоти тамоку ва сигорҳои электронӣ то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Мувоффиқи моддаи 463 (1)‑и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, “фурӯши маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин бо истифодаи воситаҳои худкор, дастӣ ва дар ҷойҳое, ки барои савдо пешбинӣ нашудаанд”, дар чунин ҳаҷм ҷарима муайян шудааст:

аҳолӣ – аз 375 то 525 сомонӣ;

соҳибкорони инфиродӣ– 3 ҳазору 750 то 7 ҳазору 500 сомонӣ;

шахсони ҳуқуқӣ – аз 7 ҳазору 500 то 15 ҳазор сомонӣ.

Ҳамчунин, тибқи қисми 2-и ин модда, барои фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин дар бинои тиҷоратӣ тариқи берун мондан ва намоиш додани он, соҳибкорони инфиродӣ аз 7 ҳазору 500 то 15 ҳазор сомонӣ, шахсони ҳуқуқӣ аз 15 ҳазор то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима месупоранд.

Моддаи 463 (2)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ фурӯши сигарета, папирос ва дигар маҳсулоти тамокуро ба ноболиғон манъ мекунад. Қонунгузорӣ барои вайрон намудани талаботи ин модда, ба шахсони воқеӣ аз аз 375 то 525 сомонӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 2 ҳазору 250 то 3 ҳазору 750 сомонӣ ҷарима таъин мекунад.

Тибқи моддаи 463(3)-и Кодекси мазкур, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамокуе, ки дар таркибаш никотин ва қатрон аз меъёрҳои гигиении тасдиқгардида зиёд мебошад, манъ буда, шахсони воқеӣ аз 375 то 750 сомонӣ ва шахсони ҳуқуқӣ аз 15 ҳазор то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима месупоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.