Таҳсилоти сатҳи байналмилалӣ: Чӣ тавр Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба сӯйи касбҳои серталаб дар ҷаҳони муосир роҳ боз мекунад?

Date:

Интихоби донишгоҳ яке аз душвортарин қарорҳо барои донишҷӯёни оянда ва волидони онҳост. Арзиши баланди таҳсил дар хориҷа, сафар ба давлати дигар ва номуайянӣ бисёриҳоро бозмедорад. Аммо, имрӯз довталабон аз Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя метавонанд таҳсилоти байналмилалиро бидуни тарк кардани минтақа идома диҳанд.

Дар қалби Осиёи Марказӣ, дар миёни кӯҳҳо ва манзараҳои беназири фарҳангӣ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ насли нави мутахассисонро тарбия мекунад, ки барои ҳалли мушкилоти асри XXI омодаанд.

 

Барномаҳои таҳсили дараҷаи бакалаврии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ 

Ба довталабон чор барномаи таҳсили дараҷаи бакалаврӣ барои интихоб дар кампусҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳрҳои Хоруғи Тоҷикистон ва Норини Қирғизистон пешниҳод мешавад:

– Иртиботот ва ВАО

– Илмҳои компютерӣ (ИТ) 

– Иқтисодиёти ҷаҳон 

– Ҳифзи муҳит ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ

Дар донишгоҳи мазкур таълим пурра бо забони англисӣ сурат мегирад, ки ба хатмкунандагон дар таҳсилоти минбаъда ва дарёфти кор дар саросари ҷаҳон бартарӣ медиҳад.

Барои омодасозии донишҷӯён ба фаъолияти касбӣ барномаи таҳсили кооперативи донишгоҳ, ки дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Виктория (Канада) таҳия шудааст, амал мекунад. Ҳамасола ин барнома зиёда аз 400 таҷрибаомӯзии музднок пешниҳод мекунад, ки дар доираи он донишҷӯён малакаи худро дар шароити воқеии корӣ татбиқ менамоянд. Тавассути чунин иқдом, хатмкунандагони донишгоҳ ба бозори меҳнат бо таҷрибаи амалӣ, дарки равандҳои ҷалби кадрҳо ва омодагии баланди касбӣ ворид мешаванд.

 

Таҳсили дастрас бидуни монеаҳои молиявӣ

Дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ яке аз қавитарин низомҳои дастгирии молиявӣ дар минтақа амал мекунад, ки тавассути он 99% донишҷӯён аз грантҳо, стипендияҳо ва қарзҳои донишҷӯӣ баҳравар мегарданд. Ин дастгирии молиявӣ на танҳо маблағи таҳсил, балки манзил, хӯрок, суғуртаи тиббӣ, маводҳои таълимӣ ва компютери дастиро низ дар бар мегирад.

Дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ донишҷӯён танҳо бар асоси дастовардҳояшон қабул мешаванд ва қобилияти пардохтпазирии довталаб меъёри интихоб нест.

 

Натиҷаҳои мо

Аз замони нахустини хатм дар соли 2021, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ зиёда аз 300 мутахассиси ҷавонро омода кардааст.

• 66% хатмкунандагон дар моҳҳои аввали пас аз хатм дар созмонҳо ва ширкатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Uber, Google, Huawei, Coca-Cola Company, Qatar Airways, инчунин созмонҳои ғайриҳукуматӣ, аз қабили СММ, AKDN, Helvetas, ACTED, сафоратҳо ва ғайра кор пайдо мекунанд.

• 24% хатмкунандагон ба донишгоҳҳои пешбари ҷаҳон, аз ҷумла Донишгоҳи Браун, Донишгоҳи миллии Сингапур, Донишгоҳи Мичиган, Донишгоҳи Бостон, Донишгоҳи Иллинойс дар Чикаго, Донишгоҳи Алберта ва дигар донишгоҳҳои бонуфузи Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Осиё таҳсилро идома медиҳанд.

• Бархеи дигар лоиҳаҳо ва стартапҳои худро дар соҳаҳои маориф, технология, ВАО ва рушди устувор таҳия карда, ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои худ саҳм мегузоранд.

Қабул ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ

Дархостҳо барои қабул ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ то 14 феврали соли 2026 тавассути https://admissions.ucentralasia.org/ қабул карда мешаванд.

Мо барои машварати инфиродӣ тавассути WhatsApp дастрас ҳастем: +992 93 999 99 64

 

ГАЛЛЕРЕЯ (6)






ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...