Эмомалӣ Раҳмон ҳамла ба қароргоҳи Владимир Путинро маҳкум кард

Date:

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни як суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия “ҳамлаи ахири ҳавопаймоҳои бесарнишин” ба қароргоҳи ҳамтои русашро маҳкум кардааст.

Дар ин бора хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

Таъкид шудааст, ки раисҷумҳурони ду кишвар имрӯз, 31-уми декабр, телефонӣ суҳбат карда, зимни он Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои русаш гуфтааст, “чунин амалҳои таҳдидкунанда ба иншооти давлатӣ ва амнияти роҳбарияти кишвар ғайри қобили қабул аст ва онҳо ба раванди музокирот барои ноил шудан ба сулҳу субот монеа эҷод менамоянд”.

Аммо дар изҳороти дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон аз “ҳамлавар” ном бурда нашудааст.

Кремл ин ҳамларо кори дасти нерӯҳои Украина медонад. Бори аввал дар бораи ҳамла ба қароргоҳи Владимир Путин аз сӯйи Украина Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия хабар дод. Баъди ин, Дмитрий Песков, сухангӯӣ раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки дар пайи ин ҳамла “Русия мавқеи музокиротии худто шадидтар мекунад”.

Баъдтар Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳам тасдиқ кард, ки ҳамтои русаш ба ӯ дар бораи ҳамла ба қароргоҳаш хабар додааст. Ва ӯ инро кори “бад” гуфт.

Аммо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина иддаъои Русия дар мавриди ҳамлаи паҳподии Украина ба иқоматгоҳи Владимир Путинро рад кард ва Маскавро ба талош барои аз масир хориҷ кардани музокироти сулҳ муттаҳам кард.

Расонаҳои Русия менависанд, ки ҳамла ба қароргоҳи Владимир Путинро Ҳиндустон, Чин, Покистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ маҳкум кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related