Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 январи соли 2026

Date:

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1941 – Нерӯгоҳи барқӣ-обии “Хоруғ” мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2001 – Дар пойгоҳи собиқ намоишгоҳи “Дастовардҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон”  Маркази байналмилалии намоишгоҳи фарҳангӣ-тиҷории “Душанбе” таъсис дода шуд.

Соли 2001 – Дар бораи кӯчонидани ихтиёрии оилаҳо аз ВМКБ ба ноҳияҳои Қубодиён ва Бешкенти вилояти Хатлон қарор қабул гардид.

Соли 2002 – Сафорати Ҷопон дар Душанбе кушода шуд.

Соли 2011 – Дар пойтахт аввалин маротиба амалиёти махсуси “Шиноснома” барои муайян намудани шахсоне, ки ғайриқонунӣ дар Душанбе зиндагӣ мекунанд, гузаронида шуд.

Соли 2016 – Рустами Эмомалӣ аз  нав ба мӯҳлати чор сол президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд. Баъди он то имрӯз ду навбати дигар низ ӯ ба ин вазифа таъин гардид. Аз ҷумла, навбати охир 14-уми декабри соли 2024 ӯ боз раиси Федератсияи футбол интихоб шуд.

Соли 2018 – Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд шуд.

Соли 2019 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мораторияи дусолаи санҷишҳои ҳама гуна субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолотро қонунӣ гардонид.

Соли 2020 – Ҳукумати Эрон барои анҷоми нақби "Истиқлол", ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, 5,5 миллион доллар кумаки бебозгашт ҷудо кард.

Соли 2021 – Ҳаким Фузайлов, ки мураббии «Истиқлол» буд ва чанд сол тими миллии Тоҷикистонро раҳбарӣ мекард, сармураббии бошгоҳи «Динамо»-и Самарқанд таъин шуд.

Соли 2025 – Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон бори нахуст бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад. Дар доираи ин сафар роҳбарони ду кишвар бо ҳам мулоқот карданд ва дар натиҷа миёни ду кишвар 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1937 – Мавлуди Азиз Афзалзода, шоир ва нависандаи тоҷик.

Соли 1947 – Зодрӯзи Анварбеки Абӯнаср, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Соли 1950 – Зодрӯзи Муҳаммадҷон Умаров, шарқшинос, тарҷумон, омӯзгор, пажӯҳишгар ва тарҷумони Қуръон (аз арабӣ ба тоҷикӣ).

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадҷон Умаров

Муҳаммадҷон Умаров 3 хизмати бузурге барои Тоҷикистон анҷом додааст. Ӯ нахустин тарҷумаи мустақими китоби барои мусалмонон муқаддаси “Қуръон”-ро аз арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Инчунин ӯ мутарҷими “Саҳеҳи Бухорӣ” ва таҳиягари “Таърихи Табарӣ” дар 8 ҷилд аст.

Ӯ корманди собиқадори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аст. Вай субҳи 30-юми июни соли 2015 бар асари бемории гурда дар 65-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Муҳаммадҷон Умаров хатмкардаи шуъбаи арабии факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло-ДМТ) буда, фаъолияти худро замчун муҳаррри Сарредаксияи Энсиклопедлияи миллӣ оғоз кардааст. Сипас ходими калони илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илҳои Тоҷикистон ва солҳои 2000-2008 муҳаррири ҳафтаномаи “Номаи пажӯҳишгоҳ2- пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон буд.

Ҳамчунин як муддат дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва соли 1996-2008 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа аз забони арабӣ ва таърихи динҳо дарс гуфтааст. Ӯ солҳои 1973-1975, 1982-1985 дар Ироқ, Алҷазоир ва Либиё ҳамчун тарҷумон кор кардааст. 

Соли 1962 – Мавлуди Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нусратулло Давлатзода

Нусратулло Давлатзода ходими давлатӣ ва мутахассиси соҳибтаҷрибаи соҳаи молия ва андози Тоҷикистон аст, ки 17 сол инҷониб Кумитаи андози Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад.

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст ва фаъолияти худро дар сохторҳои молиявии минтақаи Кӯлоб оғоз намуда, аз нозири маблағгузории соҳаи кишоварзӣ то сармуҳосиб ва муовини раиси иттиҳодияҳои агросаноатӣ зина ба зина фаъолият кардааст.

Дар солҳои минбаъда ӯ дар бахшҳои санҷиш, ҳисобот ва тафтишот фаъолият намуда, вазифаҳои масъулро дар идораҳои кишоварзӣ ва сохторҳои савдо ба уҳда дошт. Аз ҷумла, роҳбари Идораи ҳисоби хоҷагии савдои “Марҳабо” ва шуъбаҳои муҳими савдои ҷумҳуриявӣ буд.

Марҳилаи навбатии фаъолияти Нусратулло Давлатзода бо низоми андоз сахт пайванд аст. Ӯ аз вазифаи сарревизор-назоратчии Вазорати молия то сардори идораҳо ва нозироти калони андоз дар сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолият кардааст. Солҳои 2002–2006 роҳбарии Нозироти андозсупорандагони калонро ба уҳда дошт, ки яке аз сохторҳои калидӣ дар таъмини воридоти буҷет аст.

Солҳои 2006-2009 Нусратулло Давлатзода муовини аввали раиси Кумитаи андоз буд ва аз 16-уми январи соли 2009 то имрӯз ҳамчун раиси ин кумита фаъолият мекунад. 

Соли 1965 – Зодрӯзи Аброр Зоҳир, нависандаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагон ва ҳамзамон синамогарони Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аброри Зоҳир

Аброр Зоҳир солҳои 2000-2004 директори Телевизиони Тоҷикистон, 2004-2005 директори киностудияи “Тоҷикфилм”, 2007-2011 директори Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Лоҳутӣ ва аз соли 2012 директори Муассисаи давлатии “Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ”-и шаҳри Душанбе буд. Ӯ 23 ноябри соли 2015 дар 50-солагӣ аз олам чашм баст.

Аброр Зоҳир яке аз адибони пурмаҳсулест, ки баъди истиқлолияти Тоҷикистон ба майдони адабиёт ворид гардид. Ӯ нависандаи тасвирнигор аст. Ҳамчунин дар таҷассуми симоҳои таърихӣ низ муваффақ гардидааст.

Қиссаҳои “Дуроҳа”, “Моҷарои қабр”, романҳои “Шикасти зулмот”, “Рақс дар сояи девори оҳанин” аз ҷумлаи таълифоти ӯянд.

Соли 2013 – Рауф Баротов, геолог ва маъданшиноси маъруфи тоҷик дар синни 91-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рауф Баротов

Рауф Баротов яке аз ташкилотчиёни фаъоли илми геология ва тадқиқотчии намоёни соҳаи магматизми Осиёи Марказӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1968) мебошад.

Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи омӯзгории Конибодом ва факултаи геологияи  Донишгоҳи  давлатии Осиёи Марказиро хатм карда, ба Институти геологияи Филиали Тоҷикистонии Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода мешавад. Дар ин муассисаи илмӣ то соли 1950 ба ҳайси ходими калони илмӣ кор карда, сипас мудири Бахши петрография ва канданиҳои фоиданок таъин мешавад. Моҳи апрели соли 1953 аъзо – корреспонденти  Академияи илмҳои  Тоҷикистон  интихоб шуда, баъдан вазифаи академик – котиби  Шӯъбаи илмҳои физикаю математика ва геологияю химияи Академияи фанҳо ба ӯҳдааш гузошта шуда, ба ин муносибат аъзои президиуми Акадимияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад.

Бештар  аз 120 кори илмиаш рӯи чоп омадааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1943 дар ҳамин рӯз сохтмони бинои Пентагон ба итмом расид. Пентагон номи бинои Вазорати мудофиаи ИМА аст, ки шакли панҷкунҷаи муназзам дошта, дар Иёлати Вирҷиния, наздикии Вашингтон ҷойгир аст. Ин бино ҳамчун бузургтарин бинои маъмурӣ дар ҷаҳон ва яке аз ҳифзшудатарин иншооти ИМА дониста мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бинои Пентагон

Пентагон танҳо дар 16 моҳ сохта шуд ва яке аз иншооти инноватсионӣ ва нотакрори замон гардид. Ин сохтмон ба Амрико дар маҷмуъ зиёда аз 83 миллион доллар хароҷот овард ва имрӯз аз он сайёҳони зиёде дидан мекунанд ва шумораашон дар як сол тақрибан 100 000 нафар аст.

Имрӯз рӯзи пайдоиши Википедия – Донишномаи озод таҷлил мегардад. Он 15 январи соли 2001 боз гардид ва асосгузорони он Ҷимми Уэйлс (Jimmy Wales) ва Ларри Сэнгер (Larry Sanger) мебошанд.

Ҳоло Википедия дар зиёда аз 300 забон бахш дорад ва ба манбаи муҳими маълумот дар саросари ҷаҳон табдил ёфтааст.

Бахши тоҷикии Википедия 27 январи соли 2004 фаъол гардид. Ҳоло Википедияи тоҷикӣ дорои зиёда аз 114 000 мақола аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Википедия

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3+8º гарм, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар водиҳо шабона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -3+2º, то 4-9º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 5-10º сард, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º сард, дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, дар шарқи вилоят шабона 20-25º сард, дар баъзе минтақаҳо то 48-50º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона -1+1º.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 1+3º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 7-9º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 15 ба 16-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...