Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February 2026, ки аз 1 то 6 феврал дар шаҳри Будапешт (пойтахти Маҷористон) доир гардид, муваффақ шуд. Юнусов дар ду мусобиқаи категорияи Rating/U2250, ки дар он шатранҷбозони дорои имтиёзи 2250 FIDE рақобат мекунанд, пирӯзӣ ба даст оварда, муқобили ҳарифон аз кишварҳои гуногун бозии устувор ва маҳорату малакаи хуб […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February 2026, ки аз 1 то 6 феврал дар шаҳри Будапешт (пойтахти Маҷористон) доир гардид, муваффақ шуд.

Юнусов дар ду мусобиқаи категорияи Rating/U2250, ки дар он шатранҷбозони дорои имтиёзи 2250 FIDE рақобат мекунанд, пирӯзӣ ба даст оварда, муқобили ҳарифон аз кишварҳои гуногун бозии устувор ва маҳорату малакаи хуб нишон дод.

Ноиби президенти Федератсияи шатранҷи Тоҷикистон Илҳом Юнусов дар ин робита зикр кард, ки натиҷаи мазкур ба қисмате аз стратегияи дарозмуҳлати рушди шатранҷ дар кишвар рабт дорад:

“Ин самти Федератсия дар соли 2026 – тарбияву омода кардани гроссмейстерҳо аст. Соли гузашта ду шатранҷбози мо Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев ва Ҷалолиддин Илҳомӣ меъёри устоди байнулмилалиро иҷро карданд. Дар доираи ин нақшаи Федератсия мо шатранҷбозонро ба мусобиқаҳо бо доштани меъёри гроссместери байнулмилалӣ фиристодем. Муҳаммад Юнусов дар ду мусобиқа бо имтиёзи то U2250 дар радабандӣ пирӯз шуд”.    

SixDays Budapest — ҷашнвораи байнулмилалии шатранҷ мебошад, ки аз якчанд мусобиқаҳои даврӣ (round robin) иборат аст. Дар онҳо ҳар кадоме аз иштирокчиён бо ҳамдигар бозӣ мекунанд. Мусобиқаҳо бо қоидаҳои FIDE гузаронида шуда, дар он шатранҷбозон имкон доранд, ки мавқеи худро дар радабандиҳои байнулмилалӣ беҳтар созанд ва меъёри унвонҳоро иҷро кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.