ҶСК «Агроинвестбонк» бинобар таъсири оқибатҳои бӯҳрони молӣ ҳаҷми сандуқи қарзиро коҳиш дод

            Душанбе. 6-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Сандуқи қарзии ҶСК «Агроинвестбонк» ба санаи 1-уми марти соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 72 млн. сомонӣ камтар гардид.             Тавре директори департаменти маълумоту таҳлилии бонк Ҷалил Таваккалов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, агар сандуқи қарзии бонк 30-юми сентябри соли гузашта 573 млн. сомониро […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 6-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Сандуқи қарзии ҶСК «Агроинвестбонк» ба санаи 1-уми марти соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 72 млн. сомонӣ камтар гардид.





           

Тавре директори департаменти маълумоту таҳлилии бонк Ҷалил Таваккалов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, агар сандуқи қарзии бонк 30-юми сентябри соли гузашта 573 млн. сомониро ташкил медод, ба санаи 1-уми марти соли ҷорӣ он ба 501 млн. сомонӣ баробар шудааст.




           

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми умумии қарзи додаи бонк аз оғози сол 47 млн. сомониро ташкил дода, 25,4 млн. сомонии он қарзҳои хурд мебошанд ва ин дар ҳолест, ки дар ду моҳи соли гузашта ҳаҷми қарзи ҷудогардида муодили 196 млн сомонӣ буда, 50 млн. сомонии он қарзҳои Вазорати молия барои маблағгзории хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор буд.




           

Ҷ.Таваккалов сабаби коҳиши ҳаҷми сандуқи қарзиро ба бӯҳрони молӣ ва кам гардидани ҳаҷми маблағи қарзҳое, ки ба бонк муассисаҳои моливии байнулмилалӣ ҷудо мекунанд, вобаста медонад. «Мақомоти раҳбарии бонк бо шариконии хориҷии худ сраи ин масъала гуфтушунид дорад ва боварӣ дорем, ки аллакай шурӯъ аз моҳи апрел ҳаҷми маблағҳои қарзӣ афзуда хоҳанд шуд», – гуфт вай.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.