Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати Шӯрои Олимпии Осиё таҳти роҳбарии президенти он – Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ба шаҳри Душанбе ташриф меорад.
Чӣ тавре ки ноиби президенти Кумитаи миллии Олимпии ҶТ Ширинҷон Маҳмадсафоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳадаф аз ташрифи ҳайати Шӯрои Олимпии Осиё шиносоии наздик бо рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон аст. Дар ҷараёни сафар ҳайат бо ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳамкории минбаъдаи дуҷониба, татбиқи барномаҳои муштарак ва иштироки варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқоти Шӯрои Олимпии Осиё гуфтушунид хоҳад кард.
Ш.Маҳмадсафоев изҳор дошт, рӯзи 8-уми апрел ҳайати Шӯрои Олимпии Осиё бо президенти Тоҷикистон ва президенти КМО ҶТ Эмомалӣ Раҳмон мулоқот ороста, президенти Шӯро ба сарвари давлати Тоҷикистон барои хизмат дар рушди ҳаракати олимпӣ Мукофоти олии Шӯрои Олимпии Осиёро тақдим хоҳад кард.
Ба гуфтаи Ш.Маҳмадсафоев, ҷониби Тоҷикистон низ баҳри кӯмаки техникӣ барои баррасӣ ба ҳайати шӯро якчанд лоиҳаҳои марбут ба сохтмони иншооти варзишӣ дар кишварро пешниҳод мекунад.