Раиси шаҳри Душанбе даъват ба амал овард, ки 64-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ сазовор таҷлил гардида, ба собиқадорон таваҷҷӯҳи хос зоҳир кард

Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев аз баргузории чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи пойтахт, иштироки фаъолонаи аҳли ҷамоатчигӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ дар он изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки баҳри гирмидошти ин санаи муборак […]

root


Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.




Дар ҷаласа қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев аз баргузории чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи пойтахт, иштироки фаъолонаи аҳли ҷамоатчигӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ дар он изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки баҳри гирмидошти ин санаи муборак корҳои ободониву бунёдкории васъеро тибқи барномаву нақшаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи 900- рӯзи ободонӣ вусъат бахшида, сол аз сол мутобиқ ба талаботи Президенти мамлакат

 

армуғони сазовори меҳнатиро дар ҳама соҳаҳо ба истиқболи Рӯзи пойтахт бояд пешкаш намуд ва баҳри иҷрои тадбирҳои пешбинигардида дастурҳои мушаххас дод.



Зимнан, дар доираи вусъати корҳои ободонӣ оид ба тармиму таҷдиди роҳҳои пойтахт раиси шаҳр афзуд, ки дар асоси Қарори шаҳрдорӣ аз моҳи октябри соли 2008 то соли 2011

 

ба маблағи 150 млн сомонӣ аз ҳисоби буҷаи шаҳр маблағҳо бо ин мақсад пешбинӣ гардидаанд ва бобати дар соли ҷорӣ азхудкунии 28 млн сомонӣ ба комиссияи тендерӣ оид ба интихоби пудратчии иҷрои корҳо дастур фармуд, ки пешниҳодҳои тендерӣ маҳз бо инобати сифатнокӣ ва аз рӯи технологияи муосир мумфаршсозии роҳҳо дар доираи маблағҳои пешбинишуда бо ҷалби коршиносону мутахассисони соҳа амалӣ карда шаванд.



Бо дахли масоили омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 64-солагии ҶБВ –и солҳои 1941-1945

 

дар пойтахт муқаррар сохт, ки дар доираи Қарори марбутаи шаҳрдорӣ оид ба фаъолияти эҳсонкорӣ тақвияти корҳои зуҳури ғамхориҳои пайвастаро ба иштирокчиёну маъюбони ҶВБ тақвият бахшида, бидуни ин муқаррарот иловатан ҳар ҳафтае як маротиба мутобиқ ба талаботи сабади истеъмолӣ расонидани ғизои моддӣ ба ин категорияҳои сокинони пойтахт бо анҷоми аёдати расмии масъулин таъмин карда шавад. Дар ин бора котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.