Эпидемиологҳои Кӯлоб мақомоти раҳбарии низоми обтаъминкунии шаҳрро ҷарима бастанд

Date:



           

Кӯлоб. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази назорати давлатии санитариву эпидемилогии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон оид ба ҷаримбандии пулии мақомоти раҳбарии низоми обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб як қатор қарор қабул кард.





           

Чӣ тавре ки сардухтури давлатии санитарии шаҳри Кӯлоб Ҷамшед Рафиев ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, сардори идораи обу корези шаҳр И.Ризвонов ба маблағи 500 сомонӣ, сардори шӯъба А.Муллоев ва сардори таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ тавассути қубурҳо Д.Гадоев, сармуҳандиси идораи обу корез Ф.Бозоров ва муовини сардор С.Мардонов ҳар кадоме ба маблағи 250 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.




           

Ба гуфтаи Ҷ.Рафиев, шахсони зиркгардида, саривақт ба нишондодҳои марказ таваҷҷӯҳ зоҳир насохта, баҳри бартараф сохтани камбудиҳо чорае наандешиданд. «Дар низоми обтаъминкунии шаҳр камбудиву норасоиҳои зиёде ҷой доранд ва дар сурати бартараф накардани онҳо, дар фасли гармо хавфи сар задани бемориҳои сироятӣ бамаротиб меафзояд», – афзуд Ҷ.Рафиев.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...